ВарзишВидео

ФУТБОЛБОЗОНИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ДИДОРИ МУХЛИСИ 5-СОЛААШОН БА ҲИСОР ОМАДАНД (ВИДЕО)

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон рӯзи 5 феврали соли 2024  аз Душанбе ба деҳаи Белайдуз дар канори шаҳри Ҳисор омаданд, то шахсан ба мухлиси панҷсолаашон Муҳаммадамин Камолов изҳори сипос кунанд. Видеои гиряи зори ин кӯдак баъди шикасти тими миллии Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё -2023  дар Қатар дар байни ҳаиагӣ чанд рӯз дар Интернет садҳо ҳазор тамошобин ҷамъ овард.

Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи 5 феврал барои дидор бо ин мухлиси содиқи тими миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ду ситораи асосии тими яккачин Алишер Ҷалилов ва Рустам Ятимов, ки ӯро мутахассисони зиёде ҳанӯз Ҷоми Осиё -2023 ба охир норасида ва бо вуҷуди аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шудани тими Тоҷикистон боз ҳам беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот меноманд, ба деҳаи Белайдуз ба хонаи Камоловҳо омаданд.   Муҳаммадамин футболбозони маҳбубашро гулдаста дар даст пешвоз гирифт ва Алишер Ҷалилов ва Рустам Ятимов ба навбати худ барои мухлиси хурдсол футболкаи тими миллиро бо рақами 10, ки дар пушташ ба шарафи Муҳаммадамин “Камолов” навишта шудааст, туҳфа оварданд.

Тими Тоҷикистон, ки бори аввал дар таърихи худ ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт, дар Қатар 5 бозӣ анҷом дода, боз ба чанд натиҷаи таърихӣ даст ёфт.

Шогирдони Петр Сегрт дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Лубнон пирӯз шуда (2:1), бо Чин мусовӣ (0:0) намуданд ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрданд (0:1) ва бо касби ҷои дуюм ба марҳалаи баъдии мусобиқот роҳ ёфтанд, ки ин боз як дастоварди дигари таърихии футболи тоҷик буд.

Дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ футболбозони тоҷик мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст доданд (1:1, 5:3 аз рӯйи пеналти). Мутаассифона, шоми 2 феврал дар бозии даври чорякниҳоӣ футболбозони тоҷик дар як рақобати ба сурати умум баробар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд ва аз имкони баромадан ба даври нимарниҳоӣ ва ба даст овардани медалҳои Ҷоми Осиё маҳрум шуданд.

Бо ин вуҷуд, тими миллии Тоҷикистон дар нахустин ҳунарнамоии худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори 8 тими  беҳтарини қитъа ворид шуд, ки ин ҳам як натиҷаи андак нест ва барои футболи тоҷик дастоварди таърихӣ дониста мешавад.

Аммо баъди бохти Тоҷикистон аз Урдун Муҳаммадамини панҷсола ончунон зор гирист, ки  аҳли хонавода сабташ карданд ва дар Интернет гузоштанд. Дар ин сабт аз кӯдак сабаби гиряашро мепурсанд ва ӯ ҷавоб медиҳад, ки “Охир, Тоҷикистон бой дод…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button