ВарзишВидео

ГИРЯИ ЯК МУХЛИСИ КӮДАК БАЪДИ БОХТИ ТОҶИКИСТОН АЗ УРДУН

Видеои гиряи Муҳаммадамини панҷсола аз хонаводаи Камоловҳо аз деҳаи Белайдузи шаҳри Ҳисор баъди бохти тими Тоҷикистон аз Урдун ба яке аз  видеоҳои пуртамошобин дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона, шоми 2 феврал дар бозии даври чорякниҳоӣ футболбозони тоҷик дар як рақобати ба сурати умум баробар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд ва аз имкони баромадан ба даври нимарниҳоӣ ва ба даст овардани медалҳои Ҷоми Осиё маҳрум шуданд.

Шоири тоҷик Кӯҳзод Фатҳулло дар бораи гиряи ин кӯдак шеър навиштааст.

ЭҲДО БА МУҲАММАДАМИНИ 5 СОЛА, СОКИНИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДЕҲАИ БЕЛАЙДУЗ, ОИЛАИ КАМОЛОВҲО, КИ АЗ БОХТАНИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ФАРЁД ЗАДА НОЛА КАРД.

♡♡♡

Як қатраи ашки ту аз хирмани зар боло,

Оҳи ту зи фарёди мурғони саҳар боло…

Гирёнд туро дишаб номусу ғуруру ор,

Савганд, нанги ту аз шеду қамар боло.

То ҳол ба ёди ту дар хона дилам реш аст,

Хуш бош, ки тими мо аз тими Қатар боло.

Қурбони сиришкат ман, ҳарфам ту мабар аз ёд:

Ин бохт қасам бар Ҳақ, аз чанд зафар боло.

Дилхаста машав ҳаргиз, оянда нуфузи мо

Бо амри Худо гардад сад бори дигар боло.

03.02.2024

Кӯҳзод Фатҳулло

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button