ВарзишВидео

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК ДАР ҚАТАР (ВИДЕО)

Рӯзи 22 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари давлатиаш ба аморати Қатар дар пойтахти ин кишвари халиҷи Форс, шаҳри Давҳа бо аъзои тими миллии футболи Тоҷикистон мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоташ, Эмомалӣ Раҳмон бо футболбозон пиромуни масоили рушди футбол дар Тоҷикистон, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон суҳбат ва ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ  даъват кардааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ҷавонон ҳар чи бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами мамлакатро дар арсаи олам баланд бардоранд. Ӯ ҳамчунин ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу кардааст.

Футболбозон ба навбати худ ба президент футболка бо рақами 1 туҳфа карда, ӯро итминони хотир додаанд, ки барои баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон аз худ дареғ нахоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол  нахустин маротиба  дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок менамояд. Ин мусобиқот дар Қатар баргузор мешаванд.

То имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи Ҷоми Осиё-2023  дар гурӯҳи «А» ду бозӣ анҷом дода, шомил аст, рақобаташро бо Чин (Хитой) бо ҳисоби 0:0 мусовӣ кард, вале аз тими Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Шоми 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа бо дастаи мунтахаби Лубнон рақобат менамояд. Тоҷикистону Лубнон баъди ду даври аввал ҳарду ҳамагӣ якимтиёзӣ дошта, дар ду зинаи охирини ҷадвали гуруҳи “А” қарор доранд. Тоҷикистон дар сурати пирӯзӣ барои роҳ ёфтан ба марҳалаи баъдии Ҷоми Осиё шонс ба даст меорад. Вале дар сурати бохт ва ҳатто мусовӣ тими Тоҷикистон пеш аз муҳлат Ҷоми Осиёро тарк карда, ба Душанбе бар хоҳад гашт.

Сармураббии тими миллӣ Петр Шегрт ба ин далел бозии сарнавиштсоз бо Лубнонро ҳамсанги финали Ҷоми Осиё номида, гуфт, футболбозони тоҷик тамоми талошро хоҳанд кард, то аз ин рақобат бо сари баланду рӯи сурх ва бо пирӯзӣ берун биоянд.

Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар, ки сафари давлатӣ аст, дар Давҳа байни Тоҷикистону Қатар 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мулоқот бо доираҳои сармоягузории Қатар хабар дод, ки Тоҷикистон барои шаҳрвандони Қатар ба муҳлати то 30 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст.

Мулоқот бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол 22.01.2024

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button