СОКИНИ ТУРСУНЗОДА БО ЧАНД ЗАРБАИ КОРД ҲАМСАРАШРО КУШТААСТ

Як сокини 36-солаи Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон ба қатли бераҳмонаи ҳамсари 30-солааш дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ айбдор мешавад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Худи ин мард ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои милитсия, “гумонбаршаванда 15-уми майи соли 2024, тахминан соати 16:30, дар дохили манзили истиқоматиаш бино бар сабаби хусумат бо ҳамсараш, зани 30-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо корди хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида аз сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби ҳамсарашро кордборон кардани ин мард маълум нест. ВКД танҳо гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ба сокини Турсунзода бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши муноқишаҳои маргбори оилавиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.