Минтақа ва ҷаҳонНуқтаи назарСиёсатҶанг дар Украина

“ГИРЕДУ ҲАМРОҲ КУНЕД!” ДАЪВАТИ ПРИЛЕПИН БА ҒАСБИ КИШВАРҲОИ МУҲОҶИРФИРИСТ ХАШМИ ТОШКАНДРО ОВАРД. ДУШАНБЕ ҲАНӮЗ ХОМӮШ АСТ

Рӯзи 21 декабри соли 2023 сафири Русия дар Тошканд Олег Малгиновро ба сабаби изҳороти мубаллиғи Путин ва ҷанги Украина ва “нависанда” Захар Прилепин ба вазорати хориҷаи Ӯзбекистон даъват карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то ҳол ба ин изҳорот вокуниш накардааст, вале дар Тошканд суханони Прилепинро таҳдиди ҷиддӣ ба истиқлол ва якпорчагии Ӯзбекистон мешуморанд.

Прилепин рӯзи 20 декабр дар ҷаласаи “Шӯрои муттаҳидаи фармондеҳони сохторҳои Захар Прилепин” ва аъзои ҳизби “Русияи боадолат – Барои ҳақиқат” гуфт: “Ман самимона тарафдори онам, ки сарзаминҳое, ки аз он ҷойҳо муҳоҷирони корӣ (ба Русия) меоянд, ҳамту гиранду ҳамроҳ кунанд ва ба онҳо дар ҷояш забони русиро биомӯзонанд”. Прилепин, ки дар баробари сиёсатмадори миллатгаро ва махсусан тоҷикбадбини рус Сергей Миронов ҳамраиси ҳизби “Русияи боадолат – Барои ҳақиқат” аст, афзуд, ки “шӯхӣ намекунад” ва “масъалаи бекор кардани санадҳои марбут ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро дар оянда низ хоҳад бардошт”.

“Баъди парад дар Киев дигар кӣ метавонад моро аз анҷоми корҳои муфид дар қаламрави АвроОсиё манъ кунад?” – изҳор дошт Прилепин ва аҳли толор ин суханони ӯро бо чаппакзанӣ истиқбол гирифтанд. Албатта, суол ин ҷост, ки оё зӯри Русия барои ғасби Киев ва гузарондани парад дар пойтахти Украина мерасад ё на?

Бино ба иттилои расмии вазорати хориҷаи Ӯзбекистон, “дар ҷараёни мулоқот ба самъи намояндаи Русия ба шакли усулӣ расонида шуд, ки дар кишвари мо суханони ҳамраиси ҳизби “Русияи боадолат – Барои ҳақиқат” дар нишасти хабарӣ дар маркази матбуотии “Россия сегодня” бо пешниҳоди ба Русия ҳамроҳ кардани қаламрави Ӯзбекистон бо эҳсоси нигаронии амиқ қабул карда шуд”.

Дар вазорати хориҷаи Ӯзбекистон ба сафири Русия гуфтаанд, ки “чунин суханони ноандешидаи раҳбарони ҳизбии кишвари дӯсте, чун Русия, бо камоли таассуф, ҷавобгӯи ҳавои мушорикати стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни Ӯзбекистону Русия нест”.

 “Чунин баёнияҳо, ки дар айни замон дар матбуоти Русия ба таври густарда паҳн карда шуданд, табиати иғвогарона дошта, метавонанд ба равобити пойдори таърихан дӯстона байни халқҳои мо таъсири манфӣ бирасонанд”, – таъкид кардаанд дар идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон.

Олег Мальгинов
Олег Малгинов (Акс аз Валерий Шарифулин / ТАСС)

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон афзудааст, ки “ба навбати худ, сафири Русия Олег Малгинов бо масъулияти тамоми изҳор дошт, ки баёнияҳои Захар Прилепин бо мавқеи расмии раҳбарияти Русия нисбат ба Ӯзбекистони дӯст ва мустақил ҳатто як зарра ҳам умумият надоранд. Ҳамчун намояндаи Русия дар Ӯзбекистон, саафир акидан таъкид кард, ки “дар кишвари ӯ ҳеҷ гоҳ истиқлол ва якпорчагии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зери суол гузошта нашудааст”.

Малгинов ҳамчунин ваъда додааст, ки вазорати хориҷаи Русия ба зудӣ дар робита ба ин қазия шарҳи расмӣ хоҳад дод.

Ва аммо бархе нозирон иддаои сафири Русия дар бораи бо мавқеи расмии Кремл “як зарра ҳам умумият надоштани изҳороти Прилепин” бо назари шубҳа менигаранд ва мегӯянд, баёнияҳои Прилепин ва дигар мубаллиғони нонхӯри хони Кремл ҳавоӣ нест, балки онҳо “садои махуфи Кремл” буда, бо мақсади ба вуҷуд овардани афкори омма ин ё он мавзӯъро дар байн меандозанд. Пешниҳоди ба Русия гирифтану ҳамроҳ кардани Осиёи Марказӣ, ки муҳоҷирони корӣ ба Русия асосан аз ҳамин минтақа мераванд, ба ақидаи нозирони умур, низ ба ҳамин мақсад, яъне санҷидани афкори ҷомиа ва вокунишҳои эҳтимолӣ, аз забони Прилепин расонаӣ карда шуд.

Коршиносон ёдовар мешаванд, ки Прилепин ва мубаллиғони дигари мисли ӯ дар тӯли чандин сол зарурати ба Русия ҳамроҳ кардани шарқ ва ҷануби Украина то бандари Одессаро матраҳ мекарданд ва роҳбарони Русия, аз ҷумла президенташ Владимир Путин  аз ин баёнияҳо фосила гирифта, ҳамаро итминони хотир медоданд, ки Украина дар марзҳои кунуниаш як кишвари эътирофшуда аст ва марзу ҳудуди он бозбинӣ намешавад. Вале ғасби Қрим дар соли 2014, таъмину ташвиқи ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар вилоятҳои Луҳанску Донетск ва ҷанге, ки моҳи феврали соли 2022 Русия ба зидди Украина сар кард, нишон доданд, ки Прилепин ва дигар мубаллиғони мисли ӯ дар асл сухангӯи Кремл будаанд ва ончиро, ки Кремл ба далели мулоҳизоти сиёсие, ки қаблан дар Маскав то ҳадде риоя мешуд, худаш ба забон намеовард, инҳо гӯё худмонӣ, вале дар асл бо амри “боло” ба забон оварда, расонаӣ мекарданд.

Захар Прилепин рӯзи 21 декабр бори дигар таъкид кард, ки ба суханони худ дар бораи “ҳамроҳ кардани сарзаминҳо” пойдор боқӣ мемонад.

 “Фурӯпошии СССР нафақат як фоҷиа, балки як санади ғайриқонунӣ буд. Мо ягон рӯз ин санади малъунро бекор мекунем. Ва сипас худи таърих хоҳад гуфт, ки чӣ кор бояд кард? Бояд ба чолишҳои замона тайёр шуд. Тамоми сохторҳое, ки мо ташкил мекунем, дар ниҳояти амр барои ҳамин ташкил мешаванд: мо ба чолишҳои замона омода шуда истодаем”, — навиштааст Прилепин  дар каналаш дар шабакаи Телеграм.

Захар Прилепин (аз рӯи паспорташ Евгений Прилепин) 48 сол дошта, иштирокчии фаъоли ҷанги зидди Украина аст. 6 майи соли 2023 ӯ дар ҳудуди вилояти Нижний Новгород ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт. Бар асари таркидани бомбе, ки дар мошини ӯ гузошта буданд, ронандаи Прилепин ба ҳалокат расид. Худи ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошт, вале ҷон ба саломат бурд. Москва мақомоти ҷосусии Ғарб ва Украинаро дар ташкили ин сӯиқасд айбдор кард. Чанде баъд масъулияти сӯиқасд ба ҷони Прилепинро “Оташ” ном гуруҳи чирикии тоторҳои Қрим ба дӯш гирифт.

Захар Прилепин отправился добровольцем в зону СВО
Прилепин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ гуяд:

    Шутур дар хоб бинад пумбадона,
    Гаҳе мушт-мушт хӯрад, гаҳ дона-дона!
    Беш аз сад миллион мусалмони асри 21-ро ба қаламрави Россияи ним-демократия ним-диктатура ҳамроҳ кунем, россия метаркад. Дуввум, ин кишварҳоро бо қарзҳои ҳангуфти хитоӣ ҳамроҳ кардан, яъне “ҳукми қатл”-и россияро эълон кардану ҷаноза ва фотиҳаи москваро хондан аст, сабаби пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ муфлисшавӣ (банкротство) буд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button