МУҲЛАТИ ҲАБСИ 4 МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС” 3 МОҲ ТАМДИД ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 16 майи соли 2024 замони ҳабси пешакии 4 айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскавро се моҳи дигар тамдид кард.
Телеграм-канали хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Маскав (Московские суды общей юрисдикции) хабар дод, ки бо қарори додгоҳи ноҳияи Басманний ҳамаи 4 айбдоршавандаи асосӣ, ки омилони аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” дониста мешаванд – Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Фаридуни Шамсиддин – то 22 августи соли 2024 давр ҳабси пешакӣ боқӣ хоҳанд монд. Муҳлати кунунии ҳабси пешакии онҳо 22 май ба анҷом мерасад.
Ҳамаи ин 4 нафар зодаи Тоҷикистон буда, бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба анҷоми ҳамлаи террористӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун, аз 15 то 20 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Аммо дар назардошти шумораи қурбониёни ҳамлаи “Крокус” (145 кушта ва беш аз 500 захмию осебдида) ба эҳтимоли ғолиб, ин 4 нафарро ҳукми ҳабси абад хоҳанд дод.
Шоми 22 марти соли 2022 афроди мусаллаҳ қабл аз консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” вориди толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар Красногорск шуда, издиҳомро тирборон карданд. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт: Бар асари ин тирборон 40 нафар кушта шуда, 105 нафари дигар дар сӯхторе, ки биноро фаро гирифт, ҷони худро аз даст доданд.
Мустақиман дар робита ба ин ҳамла 12 нафар боздошт шудаанд, ки 11 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи он 4 нафари мусаллаҳе, ки вориди бино шуда, мардумро тирборон карданд, низ аз Тоҷикистонанд. Ин 4 нафарро алакай рӯзи дигари ҳамла, 23 март дар ҳудуди вилояти Брянск, ягон 400 километр дуртар аз толори “Крокус” дастгир карданд.
Таъқибу боздошт ва бозпурсиҳои нахусти онҳо бо шеваи хеле тунду бераҳмона ҷараён гирифт ва таъқибкунандагон бадрафториҳои худро пинҳон ҳам намекарданд: Дар Интернет худи ҳамон рӯз видеои чигуна ҳангоми боздошт буридани гӯши Саидакрам Муродализода ва ба даҳонаш андохтани он, акси ба узви таносулии Фаридуни Шамсиддин пайваст кардани сими барқ нашр шуд. Ҳамин тавр, ҳангоми боздошти як чашми Муҳаммадсобир Файзовро кафонда буданд ва Далерҷон Мирзоевро чунон зада буданд, ки ӯ чанд рӯз пакар буд ва намефаҳмид, ки дар куҷост ва аз вай чӣ мехоҳанд?
Бар илова, дар поёни моҳи март дар ҷумҳурии Доғистон 3 нафар – ду зодаи Тоҷикистон ва як доғистонӣ, дар аввали моҳи март дар Маскаву Омску Екатеринбург боз 3 нафари дигар ва дар миёнаҳои моҳи апрел як нафари дигар бо номи Ашӯров дар вилояти Твер ба даст афтоданд.
Дар умум, бо иттиҳомоти марбут бо ҳамлаи террористии “Крокус” дар Русия то имрӯз 19 нафар дастгир шудаанд, ки 17 нафараш аз Тоҷикистон, якеи дигар аз Қирғизистон ва як тани дигар аз Доғистонанд.
Дар пайи иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунини террористӣ аз номи созмони террористии ДОИШ– Хуросон муносибати мақомоти Русия нисбат ба тоҷикҳо шадидан бад шуд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва дар фурудгоҳҳои Русия дармонданд, зеро тафтиши онҳо шадиду тӯлонӣ шуд. Садҳо нафар аз онҳо аз тафтиш гузашта натавониста, ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд. Ҳамин тавр, садҳо тоҷики дигарро дар ҷараёни рейдҳои зиёдшуда дар шаҳрҳои гуногуни Русия боздошт ва ихроҷ карданд.
Шаҳрвандони тоҷике, ки ба Русия сафар доштанд, мегӯянд, ки ҳамаи тоҷикҳои синнашон аз 14 тио 59 таҳти тафтиши мӯшикофона қарор дода шуда, нафақат санадҳо, балки телефонҳои онҳоро низ мекобанд. Онҳоеро, ки ба кишварҳои мусалмонӣ, ба вижа ба Арабистони Саудӣ ё Туркия сафар карда буданд, ҳамчунин агар дар Интернет ба ягон сомона ё канали машкук сар зада бошанд, ба Русия роҳ намедодаанд.
Чунин бархӯрд нисбат ба тоҷикҳо боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва ҳатто сафири Русияро ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурданд. Ҳарчанд Маскав “фаҳмонданӣ” шуд, ки ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз терроризм буда, ба зидди ягон миллат ё дин равона нашудааст, дар Душанбе исрор меварзиданд, ки маҳз тоҷикҳо ҳадафи тафтишҳои мӯшикофона қарор гирифтаанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ин далел аз шаҳрвандонаш хост, муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.
Ин ҳама дар ҳҳолест, ки ин шабу рӯз айни авҷи мавсими рафтан ба муҳоҷирати корӣ ҳисоб мешуд. Қарори маълум, ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгор ба Русия ба мардикорӣ меравад ва миллиардҳо долларе, ки ин муҳоҷирон ба Ватан мефиристанд, нафақат манбаи асосии даромади аксари оилаҳои тоҷик буд, балки як омили муҳими таъмини пешрафти иқтисод ва савдо дар ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ низ дониста мешуд.
Вале шадид шудани тафтишҳо дар марзҳои Русия бисёре аз сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки сафари худ ба Русияро ба таъхир гузоранд. Бархеи онҳо алакай ба сурати фаъолона дар ҷустуҷӯи бозорҳои дигари кор бо маоши нисбат ба Тоҷикистон шоистатар шудаанд.

