Ҷомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ДАР ЯК МОҲИ АВВАЛ АЛАКАЙ 75 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон алакай рӯзи 31 октябри соли 2023 натиҷаҳои як моҳи аввали мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро ҷамъбаст карда, хабар дод, ки дар моҳи октябр нақшаи умумии даъват ба артиш алакай 75 фоиз иҷро шудааст. Барои муқоиса, дар моҳи аввали даъвати баҳорӣ нақша ҳамагӣ 63 фоиз ва дар моҳи октябри соли 2022 ҳудуди 70 фоиз иҷро шуда буд.

Полковник  Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи аввали даъвати тирамоҳиро “хеле хуб” арзёбӣ карда, гуфт, то поёни моҳи октябр алакай беш аз 20 шаҳру ноҳия аз анҷоми ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва иҷрои пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.

Бар иловаи шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ алакай дар нахустин рӯзи даъват аз иҷрои нақшаи худ ҳисобот дода буданд, то поёни моҳи октябр, бино ба иттилои полковник Маҳмадализода, ҳамчунин шаҳру ноҳияҳои Носир Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Дар як моҳи аввали мавсими тирамоҳӣ иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, то охири моҳи октябри соли равон аллакай зиёда аз 80 фоиз, дар вилояти Хатлон 79 фоиз, дар пойтахт, шаҳри Душанбе 72 фоиз ва дар вилояти Суғд 65 фоизро ташкил додааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд. Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану  ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон аз 28 ҳазор то 51 ҳазор боло бурда шуд, ки ба бовари аксар, хеле зиёд буда, шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм мекунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони даъват дар маҳалҳо мегӯянд, ки дар давоми як соли охир нақшаи даъватро мақомот аз 50% то ду маротиба боло бурдаанд, ки ин иҷрои онро боз ҳам мушкилтар мекунад. Аз ҷумла масъули даъват дар яке ноҳияҳои вилояти Суғд гуфт, ки агар як сол қабл онҳо дар як мавсим бояд 270 нафарро ба артиш мефиристоданд, ҳоло нақшаи онҳоро қариб ба 500 нафар расондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button