Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАҲМАНРӮД, ЗОЛИ ЗАР, ҚУМСАНГИР, ҒӮЛАКАНДОЗ ВА ШАҲРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи 5 садамаи марговар дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ хабар дод.

Аз ҷумла субҳи 10-уми майи соли 2024, тахминан соатҳои 06:00, ронандаи мошини тамғаи “SHACMAN”, Мирзоев Шарофиддин Эшонқулович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Кангурт ба самти маркази ноҳияи Темурмалик, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи автомобилгард берун баромада, аз нишебии баландиаш тахминан 50 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронандаи “SHACMAN”, Мирзоев Ш.Э. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, Абдулҳадов Сайҳоҷӣ Саидшарифович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи-поён” аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Эргашов Авазбек Абдурауфович, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Эргашов А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
8-уми майи соли 2024, тахминан соати 10:30, ронандаи мошини тамғаи «Лексус RX-350», Ҳалимиён Муродалӣ Шарбат, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷи-поён-Душанбе” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мототсикли дучархаи тамғаи “Делим”, таҳти идораи Умаров Маҳмад, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Умаров М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 9-уми майи соли 2024 дар он ҷо вафот кардааст.

Ҳамин тавр, шоми 7-уми майи соли 2024, тахминан соати 20:10, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Эпсон”, Шодиев Яҳё Раҷабович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар 252-юм километри ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ақиби харароба, ки дар як самт бо канори рости роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, шаҳрвандоне, ки дар болои харароба нишаста мерафтаанд: Отаева Этибос, соли таваллудаш 1995 ва хурдсол Қурбонова Маҳина, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, хурдсол Қурбонов Кароматулло, соли таваллудаш 2018, сокини ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

7-уми майи соли 2024, тахминан соати 12:45-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Саидахмедов Суҳроб Нуъмонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди мавзеи Хуррамии ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур Қосимова Эргашой Нуриддиновна, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button