Вилояти Хатлон рӯзи 14 майи соли 2024 нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро пурра ва пеш аз муҳлат буд кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод. Дар иттилоия таъкид шудааст, ки дар 10 соли охир ин бори аввал аст, ки нақшаи даъват дар ин бузургтарин вилояти Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон гуфт, 4 ноҳияи Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон алакай дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ, яъне 1 апрел аз ҷамъбасти ин маърака гузориш доданд.
Дар давоми моҳи апрел ва то 14 май маъракаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ дар боқӣ 21 шаҳру ноҳияи дигари вилояти Хатлон низ пурра ҷамъбаст карда шуд.
Мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 5 ноҳияи водии Рашт (Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод) алакай дар ҳамон рӯзи аввали 1 апрел аз иҷрои нақшаҳояшон ҳисобот доданд.
Вазорати мудофиа қаблан хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати баҳорӣ нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ 70 фоиз иҷро шудааст. Бар асоси гузориши маркази матбуоти ин вазорат, дар моҳи апрел нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 86%, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ 74 фоиз, дар вилояти Суғд 55 фоиз ва дар Душанбе 51 фоизро ташкил додааст Вале инак бо вуҷуди алакай гузаштани нисфи моҳи май, моҳи дуюм ва ҷамъбастии мавсими баҳорӣ, маркази матбуоти вазорати мудофиа дигар дар бораи ҷараёни ин маърака ягон рақамҳои нав нашр накардааст.
Соли гузаштаи 2023 дар ҳарду мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ нақшаи умумӣ дар ҷумҳурӣ иҷро нашуда буд.
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирифт. “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.
Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегирифтанд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон аз Русияву ҳозир шудани ӯ ба комиссариати ҳарбӣ волидонро ҷавоб медоданд.
Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.
Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват кардаанд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.
Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд. Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.
Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон қариб 2 маротиба боло бурда шуда, имсол то 54 ҳазор сомонӣ расид, ки ба бовари аксар, хеле зиёду миёншикан буда, шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки дар ҷараёни даъвати баҳории имсола, хушбахтона, шикоятҳо дар бораи “облава”, яъне маҷбуран аз кӯчаву бозорҳо доштану ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ тақрибан ба гӯш нарасидааст, вале хабарҳои зиёде ба даст мерасанд, ки масъулони комиссияҳои даъват падару модарони ҷавонони синну соли даъватиро, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, “доля” бастаанд.