ҚАЛЛОБӢ БО НИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ “КЭМРИ” ВА “МЕРСЕДЕС” ВА ДУЗДИИ 4500 СОМОНӢ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 16 майи соли 2024
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯш
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 26-уми январи соли 2023 ҳангоми дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб мардони 36 ва 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Хуросон ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Кэмри»-ро ба маблағи 255 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ пардохт мекунанд, аммо гумонбаршавандагон автомашинаи мазкуро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 26-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки 18-уми декабри соли 2023, ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур қарор доштанаш марди 29 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ пардохт мекунанд, аммо номбурдагон автомашинаи мазкурро арзонтар фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани дуздии маблағ аз ҷузвдон
Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза зани 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми апрели соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ошхонаи “Акмал”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ҳамин ноҳия шуда, аз дохили ҷузвдонаш 4 ҳазору 500 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузароиндани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 43-солаи сокини ноҳияи Хуросон содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.