ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонҶомеа

МАНЪИ ИДГАРДАКИ КӮДАКОН, ПӮШИДАНИ ЛИБОСИ “БЕГОНА” ВА ҲОҶИЗИЁРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон қонунан манъ карда шуд. Тағйиру иловаҳои марбут ба ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 8 майи соли 2024 ба қонуни танзиму ҷашну маросим ворид карда шуд. Мақомот идгардакро “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои ид” манъ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин тараф талош доштанд, ки идгардакро манъ кунанд ва ҳатто имсол, дар арафаи иди Рамазон волидони даҳҳо кӯдакро ба мақомот даъват карда, аз онҳо забонхат гирифтанд, ки уҳдадор мешаванд, ки дар рӯзи ид кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

Бар асоси тағйирот ба қонуни танзим ҳамчунин тамоми маъракаҳои марбут ба сафари Ҳаҷ ва Умра дар доираи оила маҳдуд карда шуда, истифодаи беш аз 4 мошин барои гусели арӯс ба хонаи домод ва воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо дар Тоҷикистон манъ карда мешавад. Зери мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” мақомоти Тоҷикистон дар асл ҳиҷоб ва дигар либоси динии занонаро дар назар доранд.

Бино ба иттилои нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон “Садои мардум”, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим ба вакилон гуфтааст: “Дар моддаи 9-и лоиҳа меъёрҳои марбут ба ҷашн­ҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”. Давлатзода таъкид кардааст, ки “дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Раиси кумитаи дин дар бораи чӣ зарурат доштани манъи идгардак тафсилоти дигар надодааст.

Ба иттилои Давлатзода,  ҳамчунин, муҳлати хатнаи ройгони кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ аз 20 рӯз то як моҳ тамдид карда шуда, меъёрҳои марбут ба хатнасӯри хайриявӣ хориҷ карда шуд, зеро, ба гуфтаи раиси кумитаи дин,  “хатнасӯр ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб кардаанд”.

Ҳамин тавр, дар маросими гусели арӯс ба хонаи домод низ истифодаи беш аз 4 мошин манъ карда шуда, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳои домодию арӯсӣ иҷозат дода мешавад ва ташкили маъракаҳои дигари ба тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд. “Ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд”, – гуфтааст Сулаймон Давлатзода.

Рӯзи 9 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо ходимони дин аз гарону миёншикан шудани хароҷоти гуселу пешвози ҳоҷиён интиқод карда буд. Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои Ҳаҷ ё Умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад”.

Раиси Кумитаи дин гуфт, дар пайи интиқодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар моддаи 13 қонуни танзим тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он, “дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири Ҳаҷ ва ё Умра манъ карда шуд ва ба ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд”.

Давлатзода гуфт, ҳамин тавр,  воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда мешавад.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда, соли 2017 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз танзими тӯю маъракаҳои мардум ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд ва мегӯянд, ин қонун ба мардум имкон медиҳад, ки ба ҷои исрофи беҳуда дар тӯю маъракаҳо пулашонро сарфа карда, барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон, барои мисол, барои рафтан ба истироҳат ё пули таҳсили фарзандонашон харҷ кунанд.

Матни пурраи суханрониҳо пиромуни тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим инҷост:

“Садои мардум”

Ҳаштуми майи соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ­масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА:

– Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 қайд намуданд, ки «бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад». Дар ин замина, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шудааст.

Дар лоиҳа мафҳуми «маросимҳо» ба «маросим», ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда, мафҳуми «анъана» хориҷ карда шуд, зеро дар матн муқаррароти марбут ба он пешбинӣ нашудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шуд. Дар навбати худ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар моддаҳои алоҳида мушаххас карда шуда, масъалаи ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ пешбинӣ карда шуд. Инчунин, дар моддаи 9-и лоиҳа меъёрҳои марбут ба ҷашн­ҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад.

Дар моддаи 11 лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз бист рӯзи амалкунанда ба як моҳ баъд аз таваллуди писар тамдид карда, меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ карда шуд, зеро хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд.

Дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур дар илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд ва ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.

Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки тибқи таҷриба шаҳрвандон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 4 автомашина истифода намоянд ҳам, ҳангоми гусели арӯсу домод муқаррароти мазкур дар баъзе ҳолатҳо вайрон мегардид. Аз ин рӯ, дар лоиҳа истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод пешбинӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 бамаврид таъкид намуданд, ки: «Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад». Аз ин рӯ, дар моддаи 13 лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд ва ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.

Дар моддаи 18-и лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият пешбинӣ карда шуд. Инчунин, тибқи лоиҳа воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.

Дар навбати худ, ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.

Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур раванди танзими баргузории ҷашну маросим такмил ёфта, таъмини риояи қонуни миллӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

– Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади танзими оқилонаи ҷашну маросими мардумӣ, ки зарурат ба он аз серхарҷ гардидан, тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо ва ба бори гарони зиндагӣ табдил ёфтани маросими дафну азодорӣ ба миён омад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007-ум қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бори аввал дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда шуда, беш аз ду моҳ идома ёфт ва зиёда аз 20 ҳазор таклифи шаҳрвандон доир ба такмили матни он манзур гардиданд. Ин қонун анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро ҷиҳати баргузории ҷашну маросими мардумӣ инъикос намуда, онҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо ба танзим медарорад.

Бо пеш омадани зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар ин самт, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод гардида, бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 — уми апрели соли 2024, № 2160 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима, 6 боб ва 22 модда иборат буда, тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз буҷети давлат маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло БАРОТЗОДА:

– Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии баргузории ҷашну маросим дар мамлакат таҳия гардидааст, ҳамчун идомаи сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат ҷиҳати дарёфти асолати фарҳангии ҷашну маросим дар зиндагии сокинон, пешгирӣ намудани рафторҳои хурофотӣ, исрофкорӣ ва тақлидҳои бебунёд муаррифӣ гардида, ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона гардидааст.

Ба андешаи мо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Якум, қонуни мазкур аз нигоҳи техникаи қонунэҷодкунӣ ва услуби фаҳмои баён аз матни пештара ба маротиб беҳтар гардонда шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки шеваи возеҳи ифодаи матлаб барои даст кашидан аз урфу одатҳои бебунёд, расму оинҳои шахшуда ва шигифтангез, бахусус дар бахши тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими ҳаҷҷу умра, мусоидат мекунад, дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 рафтори хурофотӣ ва бегонапарастиро коҳиш медиҳад ва дар доираи ақлу идрок тасарруф намудани маблағҳои аз пайи меҳнат ва касби ҳалол ҷамъшудаи шаҳрвандонро ба манфиати оилаю фарзандон талқин менамояд.

Дуюм, дар матни лоиҳаи қонуни нав салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар боби дуюм дарҷ гардида, моддаҳои 4-8 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросимро дар алоҳидагӣ муқаррар кардааст. Ин тартиб вазифа, салоҳият, ҳолатҳои истисноӣ ва масъулияти зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатиро ба таври мушаххас муайян месозад. Мазмуни моддаҳои ин боб доираи амали зинаҳои гуногуни мақомот, назорат ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти танзими ҷашну маросимро аз боло ба поён ва ба таври амудию уфуқӣ пешбинӣ менамояд.

Сеюм, моддаи 19-уми боби 5 «Ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» сафарбар намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ дар самти пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросим пешбинӣ менамояд, ки барои таъмини риояи талаботи қонуни мазкур созгор хоҳад буд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор ва шаҳрвандонро барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ дар самти танзими ҷашну маросим тақвият бахшида, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар шинохти асолати фарҳангӣ баланд мебардорад ва омори қонунвайронкуниҳоро ба манфиати ҷомеа коҳиш медиҳад.

Дар асоси андешаҳои баёншуда, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button