ВидеоИқтисод

ОМОДАГИИ “СОМОН ЭЙР” ВА FLY.TJ БА НАХУСТИН ПАРВОЗ БАЙНИ ДУШАНБЕ ВА ТИФЛИС

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳамбастагӣ бо ширкати чиптафурӯшии FLY.TJ аз азмашон барои ифтитоҳи хатсайри мустақими Душанбе – Тифлис (Тбилиси) хабар доданд.

 Парвози нахустин аз Душанбе ба пойтахти Гурҷистон санаи 22-юми майи соли 2024 сурат мегирад ва минбаъд парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Тифлис 12:40 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Бо роҳандозии ин хатсайр шаҳрвандони ҳарду кишвар имкон пайдо мекунанд, ки барои худ боз як кишвари зебову ҳамешасабзро кушода бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ҳамдигар ошно шаванд.

Абдулқосим Валиев, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гуфт: “Хатсайри Душанбе – Тбилисӣ бори аввал кушода мешавад ва мо аз барқарории пули ҳавоӣ миёни ду кишвар, ки бешубҳа, мардумонашонро ба ҳам наздик хоҳад кард, шоду фараҳманд ҳастем. Итминон дорем, ки ин хатсайри мунтазам ба рушду таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон такони ҷиддӣ бахшида, ба мусофирон имкони анҷоми парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои ду давлат фароҳам меорад”.

 Гурҷистон, ки дар кӯҳистони Қафқоз ва қисмати ғарбиаш дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир шудааст, ҳанӯз аз замони Шӯравӣ яке аз самтҳои умдаи сайёҳӣ ва истироҳат барои шаҳвандони ҷумҳуриҳои СССР ба шумор мерафт. Аҳамияти осоишгоҳҳои Гурҷистон баъди онки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ кард, бештар мешавад. Байни Гурҷистону Тоҷикистон виза нест.

Гурҷистон дар солҳои охир ҳамчунин ба як нуқтаи муҳими транзитӣ дар роҳи интиқоли мошинҳои дасти ду аз кишварҳои Ғарб ва аз Амрико ба Тоҷикистон табдил ёфтааст. Даҳҳо тоҷири тоҷики мошинфурӯш ҳар сол чандин маротиба барои овардани мошин ба Гурҷистон равуо доранд, вале ба сабаби набудани парвози мустақим маҷбур буданд, ки сафарҳои худ ба Гурҷистон ва аз онҷо ба Тоҷикистонро аз тариқи кишварҳои сеюм ва бо харҷи бештар анҷом бидиҳанд.

“Сомон Эйр” ва  FLY.TJ  хабар додаанд, ки барои гирифтани маълумоти бештар ва хариди бастаҳои сайёҳии самти Гурҷистон хоҳишмандон метавонанд тариқи телефонҳои 1133, +992 88 877 50 05 тамос бигиранд.

Омодагӣ ба анҷоми нахустин парвоз байни Душанбе ва Тифлис дар ҳолест, ки дар поёни моҳи март, дар пайи ҳамлаи террористии “Крокус” гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла журналист Анӯшервон Орипов ва ҳамсарашро ба марзи Гурҷистон роҳ надода буданд.

Баъди ба иллати мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардани ширкати “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” инак 5 сол боз ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

 Парки “Сомон Эйр” аз чанд ҳавопаймои тамғаҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

Танҳо дар моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ “Сомон Эйр аз ифтитоҳи се парвози нав: аз Душанбе ба Остона, аз Хуҷанд ба Урумчӣ ва инак, байни Душанбеву Тифлис хабар дод.

FLY.TJ  яке аз пойгоҳҳои бузургтарини интернетии фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ин ширкат дар Душанбе ва Хуҷанд низ дафтар дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button