ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҲИСОР ЯК НАВРАСИ 13-СОЛА ДАР ДАРЁИ ХОНАҚОҲ ҒАРҚ ШУД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 15 майи соли 2024, тақрибан  соати 17:00 як навраси 13-солаи сокини Ҳисор дар оби дарёи Хонақоҳ ғарқ шуд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади ин наврас соати шаши субҳи рӯзи 16 майи соли 2024 як километр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо гардида ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.

Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст.

Дарёи Хонақоҳ аз дараи Алмосӣ дар шимоли Ҳисор оғоз гирифта, аз паҳлуи шаҳри Ҳисор ва Қалъаи Ҳисор мегузарад ва ба дарёи Кофарниҳон мерезад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардиву таслият ба хонаводаи ин навраси фавтида  бори дигар ба падарону модарон муроҷиат кардааст, ки кӯдакону наврасонро тани танҳо ба соҳили обҳо равон накунанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.

Моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар беш аз 30 нафар алакай қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Тақрибан 20 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва ягон 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 2 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шуданд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button