ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

16 ВА 17 МАЙ ДАР ДУШАНБЕВУ АТРОФИ ОН ВА ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ХОКБОРИШ МЕШАВАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзҳои 16 ва 17 майи соли 2024 марказ ва ҷануби Тоҷикистонро чангу ғубор, ё ба истилоҳи мардум, хокбориш фаро мегирад. Ҳавошиносон ба далели тағйири обу ҳаво ҳавои пурчангуғуборро дар ноҳияҳои ҷанубу маркази вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (водии Ҳисор) ва ҳам дар пойтахт, шаҳри Душанбе пешбинӣ мекунанд.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯз ба гирифторони бемориҳои қалб, диққинафас (астма), диабети қанд, фишори баланд (гипертония) аҳамияти вижа диҳанд. Аз сокинон ҳамчунин хоста мешавад, ки хонаҳояшонро бо латтаи тар пок карда, дар сурати зарурат, ниқоби тиббӣ бипӯшанд.

Тағйири обуҳаво дар Тоҷикистон дар пайи чанд рӯзи селу боришоти шадид аст, ки чандин кушта ба ҷо гузошта, даҳҳо хонаву дар, роҳу кӯпрук ва заминҳои киштро вайрон кард ва ба иқтисоди ҷумҳурӣ миллионҳо доллар зарар расонд.

Ба сокинон ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар рӯзи хокбориш ҳамчунин машварат медиҳанд ки:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок аз осмон ба тарафи замин фурӯ мерезанд. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Аз ин рӯ, нисфирӯзӣ барои тоза кардани хонаҳо фурсати беҳтар аст.

3. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

4. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

5. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

6. Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё ба қисми навбатдории КҲФ бо телефонҳои (+992 37) 223-13-11; (+992) 93 880 28 19 занг занед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button