СӮИҚАСД БА ҶОНИ САРВАЗИРИ СЛОВАКИЯ АЗ СӮИ ЯК ШОИРИ АЗ СИЁСАТИ Ӯ НОРОЗӢ (ВИДЕО)

Рӯзи 15 майи соли 2024 ба ҷони сарвазири Словакия Роберт Фитсо, ки аз президенти Русия Владимир Путин пуштибонӣ мекунад, сӯиқасди мусаллаҳона сурат гирифт. Шоири 71-сола аз шаҳри Левитсе дар ғарби ин кишвар Юрай Чинтула, ки тарафдори ҳизби мухолифи “Словакияи пешрафта” буд, ба тарафи Фитсо 5 тир холӣ кард.
Сӯиқасд ба ҷони Фитсо дар шаҳри Ҳандлова, воқеъ дар 190-километрии шимолу шарқи Братислава, пойтахти Словакия ва 80-километрии шимоли Левитсе, маҳалли зисти тирандоз сурат гирифт. Фитсо баъди анҷоми ҷаласаи сайёри ҳукумат ба пеши мардуме, ки дар назди Кохи фарҳанги Ҳандлова ҷамъ шуда буданд, баромад, то бо онҳо саломуалек кунад, вале дар ҳамин лаҳза садои тир баланд шуд ва алакай баъди тири якум сарвазир ба замин афтод.
Дар видеои аз ҷои ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна муҳофизонаш Фитсои тирхӯрдаро ба мошин бор мекунанд ва пулис нафари гумонбар дар анҷоми сӯиқасдро дастгир мекунад.
Журналистон муайян кардаанд, ки Чинтула муаллифи се китоби шеър ва узви Иттифоқи нависандагони Словакия аст. Ин иттиҳодияи эҷодӣ аз соли 2015 узви он будани Чинтуларо тасдиқ кард, вале гуфт, агар даст доштани ӯ дар сӯиқасд собит шавад, Чинтула билофосила аз саффи ин созмон ронда хоҳад шуд.
Писари Юрай Чинтула ба нашрияи словакии aktuality.sk гуфт, ки аз қасду нақшаи падараш хабар надошт ва “намедонист, ки падараш дар бораи чӣ меандешид, чӣ нақша кашида буд ва ин ҳама чаро ва чӣ гуна рух дод?”. Ӯ афзуд, ки падараш силоҳи қонунӣ дошт.
Вазири корҳои дохилии Словакия Матус Сутай Эсток хабар дод, ки “маълумоти аввалия ба ангезаҳои сиёсии сӯиқасд таъкид мекунад”.
Дар Интернет шарҳи худи Юрай Чинтуларо низ нашр кардаанд, ки мегӯяд, Фитсоро барои он парронд, ки “бо сиёсати ҳукумат розӣ нестам”.
Фитсо аз сари сина ва шикамаш чанд тир хӯрд ва ӯро бо чархбол ба бемористони шаҳри Банска-Бистритсе интиқол доданд. Саҳифаи расмии Фитсо дар Фейсбук хабар дод, ки ӯ “ҷароҳатҳои барои ҳаёташ хатарнок бардоштааст ва бояд ҷарроҳӣ шавал. Ҳама чиз дар байни чанд соати наздиктарин ҳал мешавад “.
Шоми 15 май хабар доданд, ки ҷарроҳии Фитсо беш аз 3 соат идома ёфтааст.
Вазири мудофиаи Словакия Роберт Калиняк хабар дод, ки табибон ҳамчунон барои наҷоти ҷони сарвазир талош доранд. Вазири дохилаи Словакия Шутай Эшток низ гуфт, вазъи саломатии Фитсо вазнин боқӣ мемонад. Шутай Эшток, ки дар бемористони шаҳри Банска-Бистритсе бо журналистон суҳбат мекард, гуфт: “Сарвазир ҳамчунон дар ҳолати вазнин қарор дошта, ҳаёташ зери хатар боқӣ меонад. Ӯ то ҳол дар ҳуҷраи ҷарроҳист”.
Аммо баъдан расонаҳои Словакия хабар доданд, ки ҷарроҳӣ хуб гузашт ва ҳолати Фитсо муътадил шудааст. Муовини сарвазири Словакия Томаш Тереба дар барномаи мкстақими Би-би-си гуфт, чораҳои андешидаи табибон кор доданд ва ба ҳаёти Фитсо дигар хатаре вуҷуд надорад.
“То ҷое ман медонам, ҷарроҳӣ хуб гузашт. Фикр мекунам, ки ӯ зинда мемонад. Дар ҳоли ҳозир, ҳаёти ӯ зери хатар нест”,— гуфт Тараба.
Раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла президентҳои Амрикову Русия ва Украина, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он, дабири кулли Созмони Милал, сӯиқасд ба ҷони сарвазири Словакияро маҳкум карданд.
Роберт Фитсо 59-сола раҳбари ҳизби худаш сохтаи попуплистии чапгаро бо номи “Самти ҳаракат— демократияи иҷӣтимоӣ” (“Smer — SD”) буда, дар тирамоҳи соли 2023 бо шиорҳои зидди Амрико ва ба тарафдорӣ аз Путин интихоботро бурд ва бори инак чорум сарвазир шуд.
Дар ҷараёни корзори интихоботиаш Фитсо ваъда дода буд, ки дигар ба Украина “як тир ҳам намедиҳад”. Ҳукумати қаблии Словакия аз муттаҳидони наздиктарини Украина буд ва бепул ба Украина аслиҳа медод ва даҳҳо ҳазор украиниро дар қаламраваш паноҳ дода буд.
Баъди расидан ба қудрат, Фитсо бар ваъдааш амал карда, кумакҳои ҳарбӣ ба Украинаро қатъ кард ва гуфт, аз ин ба баъд Словакия ба Украина танҳо ёриҳои башарӣ мерасонад. Фитсо бар ин аст, ки таъмини Украина бо силоҳ боиси идомаи хунрезӣ мешавад ва Украина бояд ба хотири сулҳ вилоятҳои ишғолшудаашро ба Русия бидиҳад. Фитсо ҳамин тавр, зидди ба саффи паймони ҳарбии НАТО пазируфтани Украина буда, бар ин аст, ки ин боиси шурӯи ҷанги сеюми ҷаҳон мешавад. Дар айни замон Фитсо ба таври ошкоро аз президенти Русия Владимир Путин пуштибонӣ мекунад.
Шореҳони словак ва хориҷӣ мушоҳида кардаанд, ки Фитсо вобаста ба афкори ҷомиа чандин бор ба истилоҳ “тағйири пӯст”, яъне тағйири ақидаву мавқеъ кардааст ва батадриҷ аз як сиёсатмадори муътадили рӯ ба Аврупо ба як сиёсатмаоби популисти тарафдори Путин табдил ёфт.


