ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЭЪТИРОЗИ ИЗДИҲОМИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ ДАР НАЗДИ ХОНАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР БОШҚИРДИСТОН (ВИДЕО)

Рӯзи 3 майи соли 2023 дар шаҳри Белоретски ҷумҳурии Бошқирдистони Русия издиҳоми иборат аз тақрибан 60 нафар аз сокинони маҳаллӣ дар назди хонае, ки муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ доранд, ҷамъ шуда, аз Белоретск кӯчондану ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳоро талаб карданд. Сокинони маҳаллӣ ду муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба “гап партофтан” ба ду духтари маҳаллӣ айбдор карданд, вале ҷавонони тоҷик инро рад мекунанд. Бино ба иттилои Телеграм-канал База, ки аз маҳалли ҳодиса ду видеоро низ нашр кард, пулис ба хотири пешгирӣ аз “самосуд”, яъне худсарона ҷазо додани муҳоҷирон, шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт карда, бо худ бурдааст.

Бино ба гузориши База, муноқишаи қавмӣ дар Белоретск аз он сар шуд, ки ду духтари маҳаллӣ ба волидони худ шикоят кардаанд, ки ду ҷавон аз Тоҷикистон бо мошин ба наздашон омада, гӯё ба онҳо гап партофтаанд. Падари яке аз ин духтарон аз моҷаро хабар ёфта, ба пеши он ду ҷавон рафтааст, то ки ноҷоиз будани рафторашонро бифаҳмонад. Вале баҳси онҳо ба занозанӣ печидааст ва гӯё ҷавонони тоҷик падари духтарро латтукӯб кардаанд.

Хабари латтукӯби сокини маҳаллӣ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри хурди Белоретск зуд паҳн шуд ва баъди муддати кӯтоҳе дар назди хонаи муҳоҷирони тоҷик як издиҳоми бузурги иборат аз тақрибан 60 нафар аз сокинони маҳаллӣ гирди ҳам омад. Онҳо талаб доштанд, ки муҳоҷиронро барои чунин рафторашон аз Белоретск бикӯчонанд ва ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик ҳаросон дар назди дарвозаи хонаашон ҷамъ шуда, барои ҳимоят аз худ дар сурати ҳамлаи издиҳом тайёрӣ дида истодаанд.

Мутаассифона, муноқишаро бо роҳи сулҳомез ҳал карда нашуд ва пулис маҷбур шуд, ки ба ин муноқиша ҳамроҳ шавад. Кормандони пулис муҳоҷирони тоҷикро боздошт карда, бо худ бурданд, то ки мабодо мавриди ҳамлаи издиҳом қарор нагиранд.

Ҷавонони тоҷик дар ҷараёни бозпурсӣ гап партофтанашон ба духтарони маҳаллиро рад кардаанд. Ба ин далел, пулис нисбат ба ду муҳоҷири тоҷик дар ҳоли ҳозир ба сабаби латтукӯби падари яке аз он ду духтар танҳо бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Бино ба иттилои ВКД Бошқирдистон, ҳоло пулис ба таҳқиқи ин қазия машғул аст. Дар шуъбаи пулиси шаҳри Белоретск сабаби муноқишаро “муносибатҳои хусуматомез” номидаанд, вале таъкид кардаанд, ки ҳеҷ кадом аз иштирокчиёни муноқиша ба пулис расман ариза нанавиштааст.

Пулис асноди муҳоҷирони дастгиршударо дар робита ба риояи қонунҳои муҳоҷират низ тафтиш кардааст, вале ягон қонуншиканӣ пайдо накардааст: Муҳоҷирони тоҷик дар Белоретск ба таври Дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистон консулгарии генералии Тоҷикистон низ фаъолият дорад. Котиби консулгарии Тоҷикистон дар Уфа нимаи дуюми рӯзи 4 май ба сомонаи маҳаллии Уфа1.Ру1.ru гуфтааст, ки онҳо аз ин қазия тоза хабар ёфтанд ва дар пайи дақиқ кардани маълумоти бадастомада мебошанд.

Шаҳри Белоретск бо тақрибан 64 ҳазор аҳолиаш дар соҳили дарёи Белая, шохоби дарёи Кама, дар 245-километрии ҷанубушарқи Уфа ва 90-километрии шимоли шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск ҷойгир шудааст. Аксари аҳолии Белоретскро русҳо, бошқирдҳо, тоторҳо ва немисҳои Русия ташкил медиҳанд. Солҳои охир дар Белоретск шумораи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ меафзояд. То кунун сокинони маҳаллӣ нисбат ба мардуми омада муносибати дар умум таҳаммулпазирона доштанд ва дар Белоретск то ҳодисаи охир ягон муноқишаи қавмии ҷиддӣ рух надода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button