ВидеоСиёсат

СОБИР ВАЛИЕВ ТАСДИҚ КАРД, КИ БАЪДИ АФВ БА ЗИДДАШ БОЗ ПАРВАНДА КУШОДААНД

Собир Валиев, яке аз роҳбарони собиқи ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки соли 2020 ба Ватан баргашт ва мавриди афв қарор гирифт, гуфт, ба зидди ӯ ва 4 ҳамкораш бар асоси беш аз 10 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла сохтакорӣ, қаллобӣ ва ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ӯ ҳаққи тарки ҷои зисташро надорад. То соли 2020, ки Валиев дар хориҷи кишвар қарор дошт, ба зидди ӯ бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ парванда кушода буданд, вале баъди бозгашту афв шуданаш он парванда баста шуда буд.

Собир Валиев дар як мусоҳиба, ки Радиои Озодӣ рӯзи 27 апрели соли 2023 нашр кард, нақл  кардааст, ки баъди баргаштан ширкатеро бот номи “Девори ҷаҳон” (“Wall World”) таъсис дод, ки дар он 30 нафар кор мекарданд.

“Аз моҳи сентябри соли 2020 сар карда ман ва хешовандону ҳамкоронамро таъқиб намуда, кормандони Додситонии кул бо роҳи зурӣ, ғайриқонунӣ вориди дафтари корӣ шуда, санадҳои молӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро бурда, дар нисбат ба ман ва кормандонам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд,”—гуфтааст Собир Валиев.

Ба гуфтаи Валиев, аз дафтараш пули зиёдро шам бурдаанд. Ӯ афзуд, ки ҳоло мехоҳад ба қабули додситони кул Юсуф Раҳмон равад ва аз ӯ дархости додхоҳӣ кунад. Собир Валиев гуфт, чанд дафъа дар рӯзҳои қабули Юсуф Раҳмон ба идораи додситонӣ рафт, вале кормандони Додситонии кул ӯро ба ҳузури Юсуф Раҳмон роҳ надодаанд.

Собир Валиев нақл кардааст, ки ду моҳ пеш, вақте дар як тарабхона бо наздиконаш хӯроки шом мехӯрд, кормандони мақомот дар пеши ҳама ба дастонаш завлона зада, ӯро бо худ бурдаанд.

“Ман дар даруни мошин аз онҳо пурсидам, ки чӣ гап аст, чаро бо ман чунин рафтор мекунед, дар ҷавоб мегуфтанд, ки супориш аз болост, мо вазифаи худро анҷом медиҳем. Тахминан баъди 20 дақиқа маро дохили Раёсати мубориза бо коррупсия Додситонии кулл дароварданд ва он панҷ нафар бе фаҳмонидан маро қариб як соат нигоҳ доштанд. Баъд, шахсе омад ва худро корманди Раёсати додситонӣ Сироҷидинзода Фирӯз муаррифӣ кард. Ӯ санадеро ба ман барои шинос шудан пешниҳод кард, ки дар он нисбатам бо моддаи 307 (тундгароӣ), 179 (терроризм) ва боз беш аз даҳ моддаҳои дигар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд будааст. Аз ман хост, ки имзои худро дар протоколи боздошт гузорам, лекин ман аз имзо гузоштан даст кашидам, баъди ин ӯ баромада рафт.

Рӯзи дигар тахминан соати 15:00 назди ман корманди додситонӣ Алимардон Гулчеҳра ва муфатиши Вазорати корҳои дохилӣ Холов Маҳмадсидиқ омада хостан пурсиш гузаронанд. Аз сабабе, ки Холов М. аз бурдани тафтиши парвандае, ки бо моддаи 340 соли 2020 оғоз шуда буд, дур карда шуда буд, ман нахостам, ки ӯ дар пурсиш иштирок намояд. Дар ҳоле ки ин ҳама ҳеҷ асосе надоранд ва инҷо ҳадафе ниҳон аст. Онҳо то поёни суолу ҷавоб, ки чанд соат идома кард, завлонаҳоро аз дасти ман намегирифтанд ва ман пурсидам, ки ман инсон ҳастам ва як нафаре, ки дар кишвар ва берун аз он маро хуб мешиносанд, чаро чунин муносибат мекунед, онҳо ҷавобашон як чӣ буд: “Ин супориш аз роҳбарияти додситонӣ аст.” Ман ба Алимардон Гулчеҳра муроҷиат намуда, гуфтам, ки ман ба шумо чанд маротиба занг зада хостам, ки ҳолати корро фаҳмонам, вале шумо маро як маротиба ҳам даъват накардаед, чӣ лозим буд, ки маро бо чунин тарзи дағалона овардед, ба ин савол ҳам ҷавоб “супориши роҳбарият” буд. Хулоса, бо гирифтани забонхат оид ба тарк накардани ҷои зист аз назди муфаттишон берун шудам”, нақл кардааст Собир Валиев.

Ӯ афзудааст, ки баъди ин ҳодиса ду моҳ гузашт ва ӯро дигар ягон даъват накарданд, вале ба вай иҷозаи ворид шудан ба ширкаташро намедиҳанд ва ба далели забонхати тарк накардани ҷои зист ҳаққи сафар ба хориҷи кишварро ҳам надорад.

 Собир Валиев гуфт, феълан  нисбат ба чор нафар аз ҳамкоронаш, аз ҷумла директори ширкат Некрӯз Табаров, ҳимоячии ӯ ва аудитори ширкат айб эълон кардаанд ва мурофиаи онҳо дар додгоҳ идома дорад. Ба гуфтаи Валиев, “айбдоркунандаи давлатӣ бо далелҳои, ба гуфтае, “худам надидаам, аз касе шунидаам” парвандаро тафтиш кардааст, ки мувофиқи талаботи қонунгузор “аз куҷое шунидаам”, яъне сарчашмаи нишондод возеҳ ва равшан набошад, асоси айбдоркунӣ ё ҳукми айбдоркунӣ шуда наметавонад. Ман санаду далелҳо видеоматериалҳо барои собит намудани бегуноҳии худу ҳамкоронам дорам, вале Додситони кул ва роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ қабул намекунанд. Ҳатто аз ман баёнот нагирифтаанду зидди ман парванда боз кардаанд.

Собир Валиев писари Асадулло Валиев, асосгузори хабаргузории баъдан барҳамхӯрдаи “Мизон” ва номзади собиқ ба вакилии парлумон дар интихоботи соли 2000 мебошад. Собир Валиев дар давраи зинда будани Умаралӣ Қувватов ба “Гуруҳи 24” пайваст ва то ба мақоми муовини раиси ин ҳаракати оппозитсионӣ расид. Соли 2015 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Молдова дастгир шуд ва қариб ду моҳро дар ҳабс ба сар бурд.

Соли 2016 дар пайи як ихтилофи дохилӣ аз мақоми роҳбарӣ дар “Гуруҳи 24” канор зада шуд ва ба як ҳаракати оппозитсионии таҳти раҳбарии Додоҷон Атовуллоев пайваст. Вале баъдан аз фаъолиятҳои оппозитсионӣ дилсард шуда, аз ин ҳама канор рафт ва соли 2020 ба Тоҷикистон баргашт ва дар чорчӯби афве, ки ҳукумат ба мухолифинаш пешниҳод карда буд, афв шуд.

Гуфта мешуд, ки Собир Валиев дар мактаби №53 дар маркази Душанбе як муддат бо Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода дар як синф таҳсил кардааст ва бозгашт ва афви ӯ бо мусоидати ҳамсинфони собиқаш сурат гирифтааст.

“Ислоҳ” дар гузоришаш мавриди таъқиб қарор гирифтани Собир Валиевро ба ихтилофот дар дохили доираҳои ҳоким дар Тоҷикистон рабт дода, санге аз ҷониби Додситонии кул ба полези Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода номидааст.

То куҷо воқеъият доштани ин фарзия ҳанӯз таҳқиқ металабад, вале падари Собир Валиев Вале Асадулло Валиев низ дар суҳбат бо Озодӣ гуфтааст: “Ба мақомоту тарафҳое, ки заминаи бозгашташро фароҳам карданд, ташаккур мегӯям, вале тасмимҳои носанҷидаи баъзе аз доираҳо якдигарфаҳмию эътимодро зери шубҳа мегузоранд.” 

Дар доираи афви ба мухолифин пешниҳодкардаи ҳукумат  даҳҳо нафар, аз ҷумла бархе аз шахсиятҳои дар гузашта ангуштнамои оппозитсия, ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳое, ки баргаштанд, мегӯянд, дар канори хешу табору худ хушу осуда ва озод ба сар мебаранд, вале нозирони умр мақоми онҳоро бештар ба “бандии озод” ташбеҳ мекунанд ва мегӯянд,  ки ҳаракатҳои онҳо маҳдуд ва зери назорат қарор дошта,  мақомот аз ин афвшудагон барои ҳамлаҳои иттилоотӣ ба зидди мухолифин (намунаҳояш Оятулло Гиляев ва худи Собир Валиев дар моҳҳои аввали баъди бозгашташ) ва ҳамин тавр, барои баёнот додан ба зидди ҳамсаффони собиқи аз ягон кишвар истирдодшудаашон ҳамчунон фаровон истифода мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button