ВидеоТоҷикистон

РОҲРО БАСТАНД, НОЗИРОНИ БДА ДАСТ ДАР ЧАККАИ САР… БЛОГЕР ҲУСЕЙН ҲАСАНОВРО ДАР ДУШАНБЕ МИСЛИ ПРЕЗИДЕНТ ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон блогери озаритабор аз Русия Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов)-ро мисли президент пешвоз гирифтанд: Ӯро алакай баробари пойин шудан аз пиллаҳои зинапояи ҳавопаймо набераи президенти Тоҷикистон, президенти Федератсияи гуштини дзюдои ин ҷумҳурӣ Исмоили Муҳаммадзоҳир пешвоз гирифт ва сипас блогерро бо ҳамроҳонаш ба корвони мошинҳои гаронбаҳо савор карда, дар кӯчаҳои марказии пойтахт сайр доданд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки дар роҳи ҳаракати корвони мошинҳои Ҳусейн Ҳасанов ва ҳамроҳонаш ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро манъ карда буданд ва нозирони БДА, ки дар ҳар чорроҳа гузошта шуда буданд, даст ба чаккаи сар бурда, ба блогеру ҳамроҳонаш, ба қавли русҳо, “честь” медоданд.

Худи блогер тавсиф кардааст, ки ӯро дар як меҳмонхона дар як манзили президентии масоҳаташ 600 метри мураббаъ ҷой кардаанд ва аз тирезаҳои сершумори ин манзил манзараи беҳтарин маконҳои пойтахти Тоҷикистон ва кӯҳҳои зебои атрофи Душанбе намоёнанд.

Ҳадафи расмии боздиди Ҳусейн Ҳасанов аз Тоҷикистон ва сабаби ӯро пешвоз гирифтани Исмоили Муҳаммадзоҳир ва чунин пешвозгирии шоҳона аз як блогер ҳанӯз маълум нест.

Вале блогери шинохта аз Русия дар ҳоле вориди Душанбе шуд, ки рӯзи 26 апрели соли 2023 дар инҷо анҷумани нахустини блогерони Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин рӯзи 29 апрел дар боғи “Истиқлол” дар маркази Душанбе мулоқоти Ҳусейн Ҳасанов бо мухлисони тоҷикаш ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, ин блогер моҳе пеш дар мулоқот бо Умедҷони 17-сола аз Кӯлоб, ки дар лотереияи ташкилкардаи Ҳусейн Ҳасанов мошини гаронбаҳои “Ламборгини”, арзишаш 30 миллион рубл, ё тақрибан 400 ҳазор долларро бурд,  дар посух ба даъваташ ба меҳмонии модари ин навраси тоҷик ваъда дода буд, ки ҳатман ба Тоҷикистон меояд ва дар бораи оилаи Умедҷон ва инки ӯ пулҳои бурдаашро барои чӣ сарф хоҳад кард, як видеои муфассал сабт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, чунин пешвозгирии шоҳонаи блогер дар Душанбе дар ҷомиа вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Бархе аз чунин истиқболи “дакаданг”, бахусус аз манъи ҳаракати мошинҳо дар роҳи ҳаракати корвони мошинҳои Ҳусейн Ҳасанов интиқод карда навиштаанд: “Аз кай боз блогерҳоро дар Тоҷикистон мисли президент пешвоз мегиранд?”

Ва аммо гуруҳи дигар чунин хароҷотро барои беҳбуди имиҷи кишвар дуруст мешуморанд. Ба ақидаи онҳо, Ҳусейн Ҳасанов бо онки дар Инстаграм беш аз 26 миллион ва дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чандмиллионӣ пайрав дорад, метавонад бо нашри таассуроти мусбати худ аз сафараш ба Тоҷикистон барои муаррифӣ ва таблиғи ҷумҳурӣ, бахусус имконоти сайёҳиаш, хидмати бузурге кунад.

“Онки Ҳусейн Ҳасанов дар умум нисбат ба Тоҷикистон ва тоҷикҳо назари хеле гарму мусбат дорад, ӯ алакай исбот кардааст. Аз ҷумла вақте ки ба навраси кӯлобӣ мошини “Ламборгини” туҳфа кард ва чӣ қадар суханҳои хубе дар бораи  тоҷикҳо гуфт”, – навиштаанд тарафдорони ин блогер.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академики академияи Олии илмҳо Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    20-25 писарамро ба умед таълиму тарбия карда, ба камол мерасонам, бо сад орзӯву ҳавас тӯйи домодию арӯсияшро баргузор мекунам, мехоҳам садҳо нафарро дар хушҳолию сурурам шарик созам, дар ин ҳолат аз кумитаи “танзим” меҳмони нохонда вориди ҳавлӣ мешавад.
    Аммо, инҷо кумитаи танзим “кумитаи таъзим” мешавад!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button