ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ФАРЗАНДИ ХУРДСОЛИ РОНАНДАИ “ОПЕЛ” БАР АСАРИ САДАМА ДАР ҶАМОАТИ ЁРӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимашаби 26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 00:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», Маликов Фирдавс Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрӣ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «CHANGLIN NAR 955L», ки таҳти идораи Тоштемиров Худойназар Узбекбоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин шаҳр қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири «Опел-Астра», писари ноболиғи ронанда Маликов Юсуфҷон Фирдавсович, соли таваллудаш 2014, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигараш Ҷӯраева Райҳона Маҳмадқуловна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button