ВидеоҶомеа

БО ТЕЛЕФОН ГАП МЕЗАД… МАРДИ БАДРАШК ДАР НОҲИЯИ РАСУЛОВ ЗАНИ ҶАВОНАШРО ҚАТЛ КАРДААСТ

ВКД Тоҷикистон аз кушта шудани боз ҳамсари ҷавон аз ҷониби шавҳари бадрашкаш хабар дод. Ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли ҷумҳурӣ рух додааст.

Бино ба иттилои милитсия, нимашаби 26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 00:30, марди 38-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар хонаи истиқоматии холаи ҳамсараш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ нисбат ба ҳамсараш, ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиаш тариқи телефонӣ суҳбат дошт, бо мақсади куштор бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 6 маротиба ба қисмҳои гуногуни аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба  гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштор ё қасди куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегиранд.

Аз ҷумла бино гузориши қаблии ВКД, шаби 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 23:30, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ҳиссиёти рашк бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯси хурдсолаш задааст. Кӯдаки бечора, ки ҳамагӣ 8 сол дошт, аз қазо ҳамон шаб дар паҳлӯи апааш хоб рафтааст. Дар натиҷаи ҳамла ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳамин тавр, тахминан соати сеюними шаби 6-уми феврали соли 2023, як  марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ ҳамсари 53-солаашро бо дастонаш бӯғӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Маълум нест, ки  мояи он “ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ” чӣ  буда ва дар он поси шаб байни зану шавҳар чӣ муноқишае бархостааст, ки ба чунин фарҷоми маргбор овардааст?
ВКД танҳо гуфт, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 104  1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамчунин кормандони милитсия як сокини 35-солаи ноҳияи Данғараро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин сокини Данғара рӯзи  31-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:00, аз бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе як корд харида, ба ноҳияи Данғара рафтааст. Тахминан соати 18:00 ӯ ба ноҳияи Данғара расида, дар як нуқтаи фурӯши машрубот 200 грамм нӯшокии коняк нӯшида, сипас дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидайни ҳамсараш, зани 30-солаи ноҳияи мазкур рафтааст ва  бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, бо корди бо худ овардааш 11 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст. Да натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button