ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БАД ШУДАНИ ВАЗЪИ ЭРДУҒОН ҲАНГОМИ МУСОҲИБА ДАР ТВ ВА ЭҲТИМОЛИ ШИКАСТАШ ДАР ИНТИХОБОТ (ВИДЕО)

То интихоботи саросарии президент ва парлумони Туркия, ки 12 майи соли 2023 доир мешавад,  муҳлати каме боқӣ мондааст, вале дар ин рӯзҳои тақдирсоз, президенти кунунии Туркия ва яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи президентии қарибулвуқӯъ Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба иллати бемориаш роҳпаймоии интихоботии худро, ки мебоист дар рӯзҳои 26-ум ва 27-уми апрел баргузор мегардид,  лағв кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 26-уми апрели соли 2023 вазъи саломатии Эрдуғон дар пеши чашми ҳазорон нафар зимни як мусоҳибаи телевизионие, ки аз тариқи пахши мустақим намоиш дода мешуд, бад шуд. Пас аз гузашти чанд лаҳза ӯ дубора дар назди дурбини камера пайдо шуд ва гуфт, ки “аз бемории меъда ранҷ мебарад”. Ҳамчунин илова намуд, ки “аз сабаби он ки пештар ба маъмурияти ин шабака ваъда дода буд, бо вуҷуди на он қадар вазъи хуб доштан барои мусоҳиба ҳозир шуд”.

Аз рӯи барномаи пешакӣ, мебоист мусоҳиба якуним соат идома меёфт, вале пас аз ду саволи кӯтоҳ мусоҳибаро ҷамъбаст намуданд ва гуфта шуд, ки “иҷоза додем, то ҷаноби президент истироҳат кунад”.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто баъзе аз расонаҳо гуфта шуд, ки Эрдуғон дучори сактаи қалбӣ (инфаркт) шудааст. Аммо ноиби президенти Туркия Фуот Оқтой баъдан хабар дод, ки Эрдуғон “танҳо каме шамол хӯрдааст” ва афзуд, ки вазъи президент “хуб” аст. Сухангӯи Эрдуғон, Иброҳим Қалин ҳам навишт, ки “шукри Худо, саломатии президентамон хеле хуб аст”.

Ин тазод дубора мавзӯи баҳси вазъи саломатии Эрдуғонро дар ҷомеаи Туркия гарм намуд. Маркази мубориза бар зидди хабарҳои бардурӯғи дастгоҳи президенти Туркия ҳатто маҷбур шуд бо як баёния  хабарҳо дар мавриди аз сар гузаронидани сактаи қалбии Эрдуғонро рад кунад.

Дар ҳамин ҳол, Эрдуғон дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки “ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои дохилӣ барои рӯзи 26-уми апрел бо маслиҳати табибон ба таъхир андохта шуд”.

Баъдан ҳизби ӯ низ баёнияе пахш намуда, хабар дод, ки “роҳпаймоии интихоботие, ки бо иштироки Эрдуғон мебоист рӯзҳои 26-ум ва 27-уми апрели соли 2023 баргузор мегардид, ба далели бемор будани президент лағв карда шуд”.

Илова бар ин аз рӯи барномаи пешакӣ Эрдуғон мебоист дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи ҳастааии “Аққую” низ иштирок намуда, суханронӣ менамуд, вале бо далели беморӣ акнун дар ин маросим ба сурати маҷозӣ, яъне тавассути видеоконфаронс иштирок мекунад.

Гузашта аз ин Эрдуғон мебоист бо бошандагон ва меҳмонон, ки аз гирду атроф барои тамошои ифтитоҳи ин нерӯгоҳи атомӣ ба минтақаи Мерсин омада буданд, роҳпаймоии интихоботӣ баргузор менамуд ва ҳамчунин суханронӣ низ мекард.

Инчунин 4 шабакаи телевизионӣ, ки пештар эълон карда буданд, ки бо Эрдуғон мусоҳиба анҷом медиҳанд, аз барномаҳои худ мусоҳибаҳо бо Эрдуғонро пок кардаанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, ки 12 май баргузор мешавад, дар соли садсолагии низоми ҷумҳурият барои мардуми Туркия дар миёни бӯҳрони иқтисодии бесобиқа, таварруми пулӣ, заминларзаи маргбор, ки ҷони наздик ба 50 ҳазор нафарро гирифт аз бисёр ҷиҳат чолишбарангез, ҳассос ва фавқулодда бо аҳамият аст.

Аҳзоби мухолифи шашгона умедворанд, пас аз ҳудуди 20 сол, қудрати сиёсиро аз дасти Эрдуғон бигиранду ба ҳукмронии исломгароён поён диҳанд.

Назарсанҷиҳои ахир пешакӣ нишон медиҳанд, ки номзади эътилофи шашгона Камол Қилиҷдорӯғлу бо касби қариб 50 фоизи овозҳо аз Эрдуғон 6-7 фоиз пешдасттар аст.  дар 5 назарсанҷӣ номзади мухолифин бар Эрдуғон бартарӣ дорад ва танҳо дар якеаш ба Эрдуғон 46 фоиз ва ба рақиби асосии ӯ 45 фоиз додаанд. Сатҳи ҳимоят аз ду номзади дигар хеле ночиз аст ва зери 5 фоизро ташкил медиҳанд.

Қилиҷдоруғлу, ки ҳомиёнаш ӯро “Гандии Туркия” меноманд, дар асл чандон сиёсатмадори  дар Туркия шинохта нест,  вале ӯ иқтисоддон аст, ки ин сабаби дилгармии мардуми Туркия нисбат ба номзадиаш шудааст. Роҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи ҳалқ, ки аз мухолифони сарсахти сиёсатҳои Эрдуғон асту шиорҳояш дар заминаи пешравиҳои иқтисодӣ барои мардуми Туркия, ки таи чандин сол дар зери ҳукумати Эрдуғон аз таваррум ва рукуди иқтисоди кишвар ранҷ мебаранд, умед ба шароити хубтари зиндагиро бедор кардааст.

Вале Эрдуғон бошад тамоми имконияти худро барои мондан дар сари қудрат ба кор гирифтааст. Танҳо дар рӯзи 26-уми апрели соли 2023 пулис дар 21 вилояти Туркия зимни як амалиёти густарда дасти кам 110 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба Ҳизби коргарони Курдистон боздошт намуданд. Дар миёни боздоштшудагон номи шуморе аз афроди шинохташуда, аз ҷумла вакилон, рӯзноманигорон, ҳунармандон ва сиёсатмадорон ҳам дида мешавад.

Ҳамчунин дар баробари ин аз ҷониби конуни вукалои Диёри Бакр (Диёрбакир) баёнияе нашр шуд, ки гуфта мешавад шумори боздоштшудагон рӯ ба афзоиш аст ва шояд то ба 150 нафар бирасад. Бино ба гуфти ин манбаъ, “маъмурони давлатӣ бо дастури додситонӣ хонаҳои рӯзноманигорон, вакилон ва мудофеони ҳуқуқи башарро тафтиш ва онҳоро ба таври худсарона боздошт карда истодаанд”.

Ҳамзамон Ҳизби демократии халқи Туркия низ бо интишори иттилоияе аз боздошти бархе аз роҳбарони ҳизб хабар дод.

Фаъолони Туркия мавҷи мавҷи боздоштҳои ахирро иқдоме дар ҷиҳати кумак ба корзори интихоботии Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа медонанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба унвони номзад ба интихоботи президентӣ пешниҳод намудааст.

Ба боварии онҳо, “боздошти вакилон, ки сандуқҳои раъйро назорат мекунанду монеи ҳаргуна фаъолиятҳои ғайриқонунии ҳизби ҳоким мешаванд ва рӯзноманигорон, ки афкори умумро аз ин тақаллубҳо огоҳ мекунанд, тасодуфӣ нест”.

Ба гуфти коршиносон, дар ин вазъи пешомада, бемории Эрдуғон, метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсиргузор бошад. Зеро боварии мардум нисбат ба роҳбари ҳизби адолат ва тавсеа, ки бе ин ҳам на он қадар маҳбуб аст, коҳиш меёбад.

Интихоботи ҳамзамон президентӣ ва парлумонӣ дар Туркия 12-уми майи соли 2023 баргузор мешавад. Ҳудуди 55 миллион овоздиҳанда барои як давраи 5-сола президент ва вакилони парлумони Туркияро интихоб мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Хулоса, ин таҳлил якҷониба аст ва аз нигоҳи амрикоӣ ва эронбинӣ навишта шудааст.

  2. Академики академияи Олии илмҳо Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Чанд рӯз қабл эрдоған вазири дифоъ ва раиси истихбороти кишварашро ба маскав равон карда буд, ки ба путин шахсан итминони таъмини амнияташро бидиҳанд, то розӣ шавад, ки ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи ҳастаӣ ба туркия ташриф биоварад, аммо путин, ки дигар ба ҳеч кас бовар надорад, аз рафтан худдорӣ кард, эрдоған дар навбати худ тасмим гирифт, ки шахсан ба нерӯгоҳи нимсохта, ки 100% комил нашудааст, ташриф наорад ва ин баҳонаи “хасакӣ” (инфаркт ё шикамдард)-ро пешниҳод кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button