ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВОКУНИШИ ДОДСИТОНӢ БА ВИДЕОИ ЛАТТУКӮБИ САРБОЗОН: ҲАМААШРО ЁФТЕМ, ДАСТГИР КАРДЕМ ВА ПАРВАНДА КУШОДЕМ (ВИДЕО+18)

Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 24 апрели соли 2023 дар як вокуниши сареъ ба видеои латтукӯби бераҳмонаи сарбозон хабар дод, ки сарбозонеро, ки ҳамхидматони худро латтукӯб карда буданд, пайдо карданд ва ба зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Дар вокуниши маркази матбуоти Додситонии кул чунин гуфта мешавад:

“24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ, навори лату кӯби як гурӯҳ ҷавонони дар тан либоси ҳарбидошта паҳн карда шуд.

Оид ба ин навор прокуратураи ҳарбӣ бо ҷалби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида, муайян карда шуд, ки тахминан 15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд.

Вобаста ба ин ҳодиса прокурори ҳарбии гарнизони Суғд 24 апрели соли 2023 бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ҳамин кирдор, агар: нисбати ду ва зиёда ашхос; аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Гумонбаршудаҳо дастгир карда шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”.

Бар асоси қисми дуюми моддаи 373 акнун ба ин 5 сарбози “буққа” ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду видеои даҳшатбори латтукӯби бераҳмонаи наваскарон аз ҷониби сарбозони собиқадор нашр шуд. Дар видеоҳо дида мешуд, ки кӯҳнасарбозон навсарбозонро аввал як як ба назди худ мехонанд ва бо як тахта ба ҷои нарми бадани ҳар кадомаш мезананд. Сипас наваскаронро қатор мекунанд ва аввал яке аз кӯҳнасарбозон аз паҳлуи ҳар кадомаш гузашта,  ҳар наваскарро дар бари рӯяш бо тамоми қувват чанд шаппотӣ зада, мегузарад. Ба дунболи ӯ, аз паҳлуи қатори наваскарон кӯҳнасарбози дуюм як тахта дар даст рад мешавад ва ӯ ҳам ҳар наваскарро дар болои сараш бо тахта бо тамоми қувват чанд зарба мезанад.

Ҳанӯз ин ду кӯҳнасарбоз кори худро тамом накарда, кӯҳнасарбози сеюм ба ин маъракаи “дарси адаб” додани наваскарон ҳамроҳ мешавад ва яке аз наваскаронро маҷбур мекунад, ки дар рӯи фарш рӯи ду дасташ дар ҳолати нимхоб биистад. Ӯ дар ҳамин ҳолат он наваскари бечораро бо тамоми қувват ба қисмати шикамаш беист шаттаборон мекунад.

Дар навор дида мешуд, ки наваскарони бечора аз ин ки ба чунин як “қассобхона” афтодаанд, сахт тарсидаанд ва ягон нафараш ҳатто ҷуръати муқобилият нишон додан намекунад.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин мавсим 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.

Наворҳои нашршуда хашми корбаронро барангехтааст ва бисёриҳо аз мақомоти ҷумҳурӣ талаб карданд, то ин “қассобҳо” дар либоси сарбозиро пайдо карда, ба сахттарин муҷозот бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Лаънати Аллох борадбар падару модари ин харомзодахо
    Лаънати Аллох борад ба хао афсару командирхое ки чунин бенизомихоро нодида мегирифт
    Лаънати Аллох борад ба хар инсоне ки чунин зумлро, озори чисм ва тахкири мусулмонро дида лоакал дуъо алайхи хама гуна зодимон намекунад.
    Худоё худовандо !Офаридагори золим ва мазлум худат хасти .Илохо ин мазлумонро дастгири намо ва ин золимони бо пули харом калоншударо КИФОЯТ кун.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button