ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ШАҲРДОРИ ИСФАРА БА МИЛИСАЕ, КИ МОШИНАШРО ДАР МАРЗ СӮЗОНДАНД, “МЕРСЕДЕС” ТУҲФА КАРД (4 AKC)

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба нозири минтақавии деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Абдумалик Пӯлотов , ки мошини ӯ дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадии моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон сӯхта, хокистар шуда буд, мошини нав тақдим кардааст. Дар ин бора рӯзи 23 апрели соли 2023 дар Фейсбук Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара бо нашри чанд акс аз маросми супоридани ин туҳфа ба нозири милитсия хабар дод. Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки шаҳрдори Исфара ба Абдумалик Пӯлотов мошини рангаш нуқрагуни тамғаи “Мерседес” туҳфа кардааст.

Бино ба иттилои сухангӯи шаҳрдории Исфара, муовини раиси шаҳр Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд ва раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Лайсиддин Юсупов зимни супоридани мошин баён доштаанд, ки ҳарчанд дар натиҷаи ҳодисаҳои сарҳадии соли гузашта зарари калон расонида шуд, вале ҳамаи онҳо зина ба зина бо дастгирии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти вилояти Суғду шаҳри Исфара, соҳибкорону саховатмандон ва худи аҳолӣ барқарор шуданд.

“Тақдими мошин низ аз ҳамин гуна амалҳо буда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои марбута талош мекунад минбаъд пеши роҳи низоъҳои марзӣ гирифта шавад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи шаҳрдории Исфара.

Ёдовар мешавем, худи Баҳоваддин Баҳодурзода, ки моҳи ноябри соли 2020 ба мақоми шаҳрдори Исфара расид, алакай 5 моҳ баъди фаъолияташ дар ин мақом, дар муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 дар марзи Исфара бо ноҳии Бодканди Қирғизистон аз китфи росташ захмӣ шуда, чанд рӯзро дар бемористон ба сар бурд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои  Воруху Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Хистеварзу Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафуров ва қисман бо ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 140 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Ин ду муноқиша хунинтарин задухӯрдҳо дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button