АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ТОЛИБОН ДАР АРАФАИ ИДИ РАМАЗОН 2460 МАҲБУСРО АФВ КАРДАНД

Дар Афғонистон ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва фаро расидани иди саиди Фитр  2460 маҳбусро аз зиндонҳо озод мекунанд. Фармони раҳоии ин 2460 маҳбусро Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ҷунбиши тундрави Толибон, ки аз моҳи августи соли 2021 ҳукумати Афғонистонро ба даст овардааст, имзо кардааст.

Додгоҳи олии Афғонистон, ки ҳайъаташ аз сӯи Толибон ташкил шудааст, рӯзи 20 апрели соли 2023 бо нашри як баёни гуфт, ки “бо фармони амиралмӯъминин ва бо дастури Додгоҳи олӣ аз зиндонҳои Афғонистон 2460 маҳбусеро, ки мавриди афв қарор гирифтанд, раҳо мекунанд”.

Дар Афғонистон раҳбари Толибон Охундзодаро “амиралмӯъминин” меноманд.

Бо вуҷуди онки Толибон баъди расидан ба қудрат дар дохили Афғонистон сиёсати тунди саркӯбгаронаеро пеш гирифтаанд, боз ҳам дар арафаи иду ҷашнҳои муҳим ҷиҳати афви шумори бузурге аз маҳбусон иқдом мекунанд.

Дар маҳбасҳои Афғонистон нафақат афроди муҷрим дар ҷиноятҳои мухталиф, балки ҳамчунин фаъолони ҷомиа, ҳомиёни ҳуқуқи занон, журналистон ва ҳамчунин аъзои гуруҳҳои силоҳбадасте, ки ба зидди режими нави Толибон меҷанганд, адои ҳукм мекунанд.

Ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон дар моҳи августи соли 2021, дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони НАТО ва Амрико тавонистанд дар байни ҳамагӣ чанд рӯз қаламрави Афғонистонро зери назорати худ дароварда, давлати худро таҳти номи “Аморати исломии Афғонистон” дубора барқарор кунанд.

Ҳукумати Толибонро то кунун ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.

Кишварҳои Ғарб аз Толибон риояи ҳуқуқу озодиҳои аслии мардум, аз ҷумла риояи ҳуқуқи занону духтарон ба кору таҳсилро талаб доранд. Тоҷикистон, барои мисол, ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони қавмҳои дигар, бавижа тоҷикони Афғонистонро аз режими нави Толибон тақозо мекунад.

Вале бархе кишварҳо, аз ҷумла Русияву Чин, ҳарчанд режими Толибонро ҳанӯз ба расмият нашинохтаанд, аммо сафоратҳои худро дар Кобул фаъол сохта, бо намояндагони “Аморати исломӣ” тамосҳои доимӣ барқарор кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button