ВарзишВидео

СИТОРАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК РАШИД РАҲИМОВ САРМУРАББИИ “РУБИН” ШУД

Дастпарвари шуҳратёри футболи тоҷик Рашид Раҳимов сармураббии бошгоҳи машҳури футболи Русия “Рубин” аз шаҳри Қазон), пойтахти ҷумҳурии Тотористон таъйин шудааст. Бино ба иттилои расонаҳои варзишии Русия, қарордод байни ин бошгоҳ ва Раҳимов феълан то охири мавсими имсола баста шудааст, вале дар сурати ба лигаи олии футболи Русия роҳ ёфтани “Рубин”, ки ҳоло дар лигаи якум бозӣ мекунад ва барои роҳхат ба лигаи олӣ мубориза мебарад, имкони тамдиди қарордод пешбинӣ шудааст.

 “Рубин” баъди 26 даври мусобиқот бо 47 имтиёз дар лигаи якум дар ҷойи дуюм қарор дошта, аз дастаи “Балтика” (Калининград) 6 имтиёз камтар ва аз “Алания” (Владикавказ) ва “Енисей” (Красноярск), ки дар ҷадвал баъди “Рубин” қарор доранд, 3 имтиёз бештар дорад.

Ҷои дуюм ҳам ба “Рубин” имкон медиҳад, ки роҳхати мустақим ба лигаи олиро ба даст биорад. Бо ин вуҷуд, бошгоҳи “Рубин” рӯзи 12 апрели соли 2023 қарордодаш бо сармураббии ҳамакнун собиқи даста Юрий Уткулбаевро бо ризоияти тарафайн қатъ кард. Сабаби ин чор бозии охирро мусовӣ анҷом додану ҳамагӣ як гол задани “Рубин” шудааст.

Рӯзи 15 апрел “Рубин” бо дастаи “Шинник” аз Ярославл вориди рақобат мешавад. Ин нахустин бозии ин даста таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки “Рубин” дар давронии раҳбарии ин дастаро бар уҳда доштани мураббии шуҳратёри зодаи Туркманистон Қурбон Бердиев яке аз бошгоҳҳои пешсафи футболи Русия ба шумор мерафт ва солҳои 2008 ва 2009 унвони чемпиони Русия, соли 2012 Ҷоми Русия ва солҳои 2010 ва 2012 Шоҳҷоми ин кишварро ба даст оварда буд. Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи ин даста дар даврони Қурбон Бердиев пирӯзиаш  дар бозии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар варзишгоҳи машҳури “Ноу Камп”  бар ҳайъати тиллоии “Барселона” бо Месси, Хави, Инеста, Пике, Дани Алвеш ва Ибрагимович бо ҳисоби 2:1 буд.

Рашид Раҳимов соли 1955 дар Душанбе ба дунё омада, 58 сол дорад. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар дар ҳайъати дастаҳои “Помир” (Душанбе), “Спартак” (Маскав), “Реал Валядолид” (Испания) ва чанд дастаи Австрия: «Аустрия», «Адмира Ваккер» ва «Рид» ва ҳамчунин дар ҳайъати тимҳои миллии Тоҷикистону Русия ба майдон баромадааст. Рашид Раҳимов ҳамчун сармураббӣ дастаҳои «Адмира Ваккер» , «Амкар» (Перм), «Локомотив» (Маскав), «Ахмат» (Грозний) ва «Уфа»-ро машқ додааст. Беҳтарин натиҷаи ӯ дар лигаи олии чемпионати Русия ҷои панҷум бо дастаи “Ахмат” дар мавсими солҳои 2016/17  буд. Охирин дастааш– “Уфа” аз пойтахти Бошқирдистонро Рашид Раҳимов соли 2021 тарк гуфт буд.

Мухлисони тоҷик Рашид Раҳимовро бештар бо ҳунарнамоияш дар ҳайъати тиллоии “Помир”-и Душанбе дар ёд доранд. Ӯ дар “Помир” нафақат яке аз сутунҳои хатти ҳимоя, балки лидери ғайрирасмии даста ҳам ба шумор мерафт. Мухлисон дар ёд доранд, ки бисёр вақт қарорҳоро дар майдон Рашид Раҳимов қабул мекард ва гоҳо ҳатто бар хилофи хости мураббиён.

Рашид Раҳимовро бисёриҳо дар баробари ситораҳое, чун Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, Леонид Кириленко, Михаил Ан, Геннадий Черевченко, Валерий Турсунов, Муҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Александр Азимов, Олег Ширинбеков, Алексей Чередник, Андрей Мананников ва боз чандин бозигари дигар аз беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар асри 20 мешуморанд.

Рашид Рахимов в клубе «Аустрия»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button