ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР 10 РӮЗИ АВВАЛ АЛАКАЙ 40 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 12 апрели соли 2023 бо натиҷагирии 10 рӯзи аввали мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хабар дод, ки аз 1 апрел то имрӯз иҷрои нақшаи даъват дар кишвар алакай ба 40 фоиз баробар шудааст.

Полковник Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати мудофиа гуфт, аввалин шуда, алакай дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ, яъне 1 апрел, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои нақша хабар дод. Ба иттилои ӯ, то имрӯз аз шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат ва аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияи Вахш аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш додаанд.

Полковник Маҳмадализода гуфт, то имрӯз нақшаи даъвати баҳорӣ дар дар Бадахшон 100 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 57 фоиз, дар вилояти Хатлон 34 фоиз, дар шаҳри Душанбе 30 фоиз ва дар вилояти Суғд 26 фоиз иҷро шудааст.

Дар ин шабурӯз мавсими баҳории даъват ба саффи артиши Тоҷикистон идома дорад. Ин маърака 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад. Ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати ду сол ҷавонони аз 18 то 27сола даъват карда мешаванд.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳисоботи вазорати мудофиа дар бораи 40 фоиз иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҳолест, ки ахиран ду видеои маҷбуран доштани ҷавонони синну соли даъватӣ нашр шуд.

Дар як навор дида мешавад, ки чанд нафари либоси мулкӣ дар тан як ҷавонеро, ки риши кӯтоҳ дорад, аз даромадгоҳи як бинои истиқоматии бисёқабата  аз дастонаш дошта, маҷбуран кашида бароварда истодаанд. Ҷавон кӯшиш мекунад, ки муқовимат нишон диҳад, вале дастгиркунандагонаш, ки бисёрӣ буданд, ӯро кашолакунон бо худ мебаранд ва ба мошин бор мекунанд. Ин лаҳзаҳоро занону кӯдакони зиёд тамошо мекунанд, вале касе дахолат намекунад.

Дар видеои дуюм, ронандаи як мошини раҳгузар аз дохили мошинаш сабт кардааст, дида мешавад, ки чанд нафари либоси мулкӣ дар тан як ҷавони синну соли даъватиро дар як кӯчаи шаҳр дастгир кардаанд ва мехоҳанд бо худ бибаранд. Ҷавон муқовимат нишон медиҳад ва ба ӯ ҳатто муяссар мешавад, ки аз дасти боздошткунандагон “канда” кунад ва рӯ ба фирор биорад. Вале онҳо ҷавонро дунболагирӣ карда, аз нав дастгир мекунанд ва ин бор то пеши мошинашон оварда, маҷбуран ба мошин бораш мекунанд.

Маълум нест, ки ин ду ҳодиса мушаххасан кай ва дар куҷо сурат гирифтааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button