ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

НАХУСТИН ВИДЕОҲОИ “ОБЛАВА – 2023”

Дар нахустин видеоҳои зоҳиран “облава” дар ҷараёни мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 11 апрели соли 2023 ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, лаҳзаҳои маҷбур дастгир кардану бурдани ду ҷавон сабт шудааст.

Дар як навор дида мешавад, ки чанд нафари либоси мулкӣ дар тан як ҷавонеро, ки риши кӯтоҳ дорад, аз даромадгоҳи як бинои истиқоматии бисёқабата  аз дастонаш дошта, маҷбуран кашида бароварда истодаанд. Ҷавон кӯшиш мекунад, ки муқовимат нишон диҳад, вале дастгиркунандагонаш, ки бисёрӣ буданд, ӯро кашолакунон бо худ мебаранд ва ба мошин бор мекунанд. Ин лаҳзаҳоро занону кӯдакони зиёд тамошо мекунанд, вале касе дахолат намекунад.

Дар видеои дуюм, ронандаи як мошини раҳгузар аз дохили мошинаш сабт кардааст, дида мешавад, ки чанд нафари либоси мулкӣ дар тан як ҷавони синну соли даъватиро дар як кӯчаи шаҳр дастгир кардаанд ва мехоҳанд бо худ бибаранд. Ҷавон муқовимат нишон медиҳад ва ба ӯ ҳатто муяссар мешавад, ки аз дасти боздошткунандагон “канда” кунад ва рӯ ба фирор биорад. Вале онҳо ҷавонро дунболагирӣ карда, аз нав дастгир мекунанд ва ин бор то пеши мошинашон оварда, маҷбуран ба мошин бораш мекунанд.

Маълум нест, ки ин ду ҳодиса мушаххасан кай ва дар куҷо сурат гирифтааст?

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ҳанӯз макону замони ин ду ҳодиса ва аз ҷониби кадом мақомот сурат гирифтани боздоштҳоро мушаххас карда натавонистааст.

Соли 2022  мақомот ду видеоро, ки ҳамчун “облава” нашр шуданд, рад карда буданд ва гуфтанд, дар яке лаҳзаи боздошти як нафари бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои ифротӣ дар ҷустуҷӯ қарордошта сабт шуда буд ва дар дигарӣ ду ҷавон дар фурудгоҳи Душанбе дар заминаи баҳсҳои оилавӣ монеи сафари як ҷавони дигар ба Русия шудаанд.

Дар ин шабурӯз мавсими баҳории даъват ба саффи артиши Тоҷикистон идома дорад. Ин маърака 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Қабл аз оғози мавсими баҳорӣ вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар як ҷаласа аз масъулони комиссияҳои даъват, бахусус аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ хостори “пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват” шуда буд. Ин “роҳҳои ғайриқонунӣ” дар Тоҷикистон бо номи “облава” ё “чӯҷабарак” маъруфанд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад. Ҳар сол Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан ба 15 ило 16 ҳазор навсарбоз эҳтиёҷ доранд. Аммо бо онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли даъватӣ ба сар мебаранд, комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳар мавсим дар иҷрои нақшаи даъват мушкил мекашанд.

 Ба ин сабаб, ҳар мавсими даъват дар ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо шикоятҳои зиёд дар бораи “облава”, яъне маҷбуран дар кӯчаю бозор ё аз хонаву ҷои дарсу корашон дошта, ба хидмат бурдани ҷавонон ҷараён мегирад. Аммо дар мавсими даъвати ахире, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022 сурат гирифт, шикоятҳо аз “облава” хеле камтар буд.

 “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот бар ин боваранд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button