АфғонистонВидеоЧеҳраҳо

ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ АЗ КУШТА ШУДАНИ ФАРМОНДЕҲОНИ АРШАДИ ҶАБҲАИ ОЗОДӢ АКМАЛ АМИРӢ ВА БАСИРИ АНДАРОБОДӢ ДАР ҶАНГ БО ТОЛИБОН

Бино ба гузоришҳо, Акмал Амирӣ ва Басири Андаробӣ, ду фармондеҳи Ҷабҳаи озодии Афғонистон, як гуруҳе, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, ҳамроҳ бо шаш тани дигар аз нерӯҳояшон дар як набард бо нирӯҳои “Толибон” дар кӯҳи Ҷабал-ул-Сироҷ, ки дар байни вилоятҳои Панҷшеру Парвон ҷойгир аст, кушта шудаанд. Бино ба манобеи “8-и субҳ”, ин даргирӣ шаби душанбе, 10-уми апрели соли 2023 дар ноҳияи Шатели Панҷшер рух додааст.

Вазорати мудофиаи “Толибон’ низ бо интишори иттилоияе гуфт, ки “амалиёти низомӣ алайҳи Ҷабҳаи озодӣ аз тарафи гурӯҳи “221-и Шаҳид Офтоб” дар Соланг анҷом шуда, дар натиҷаи он Акмал Амирӣ ба 8 тан аз ёронаш кушта шуданд”. Дар ин иттилоия ба Басири Андаробӣ ишора нашудааст. Ҳамчунин “Толибон” дар бораи талафоти нерӯҳои худ дар ин даргирӣ ҷизе нагуфтаанд. “Толибон” барои далел акс ва ё видеоеро аз маҳалли даргирӣ низ нашр накардаанд. Танҳо як акси Акмал Амириро, ки дар тан либоси низомии артиши собиқи Афғонистонро дорад, нашр намуда, ин фармондеҳ ва ҳамразмонашро “бағоватгар” хондаанд.  “Толибон” мухолифини мусаллаҳи худро “бағоватгар”, яъне шӯришгар ном мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Ҷабҳаи озодӣ дар гуфтугӯ бо бахши форсии BBC гуфтааст, ки “дар ин даргирии 28-соата дар минтақаи Кукломи Соланг 32 узви “Толибон” низ кушта ва дасти кам 20 террористи дигар захмӣ шуданд”.

Аз кушта шудани Басири Андаробӣ, Абдулҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи тоҷиктабори “Толибон”, ки аз Панҷшер асту ҳоло ба унвони волии  ноҳияи Аҳмадободи вилояти Пактиё фаъолият мекунад, ба сомона форсии нашрияи бритониёии “Индепендент”  хабар додааст.

Ҷабҳаи озодӣ расман куша шудани Акмал Амириро таъйид накардааст. Ин гурӯҳ ба BBC форсӣ кушта шудани танҳо Басири Андаробӣ бо се муҳофизашро таъйид кардаасту халос. Аммо чеҳраҳои наздик ба ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушта шудани Акмал Амириро таслият гуфтаанд.

Бархе аз чеҳраҳои дигари мухолифи “Толибон” мегӯянд, хабари кушта шудани Акмал Амирӣ ҳанӯз дақиқ нест. Аммо Аҳмад Масъуд, ки роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, кушта шудани Акмал Амириро таслият гуфтааст. Дар баёнияи ин ҷабҳа ба зарурати “ҳамоҳангӣ ва ваҳдати амал дар миёни тамоми нерӯгоҳои мухолифи “Толибон” таъкид шудааст.

Салоҳиддин Раббонӣ, писари Бурҳониддин Раббонӣ, ки як ҷиноҳи Ҳизби ҷамъияти исломиро роҳбарӣ мекунад, ва Раҳматуллоҳ Набил, роҳбари истихбороти ҳукумати пешини Афғонистон кушта шудани фармондеҳони Ҷабҳаи озодиро маҳкум кардаанд.

Ҷабҳаи озодӣ баъд аз суқути Кобул ба дасти “Толибон” аз тарафи генерали чаҳорситорадори ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ёсин Зиё, ки муовини вазири мудофиа буду ҳамчунин чанд муддат ба унвони раиси ситоди артиш (генштаб) иҷрои вазифа намудааст, ташкил карда шуд.

Ёсин Зиё ҳамагӣ чаҳор моҳ қабл аз суқути Кобул аз тарафи раисҷумҳури вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз вазифа барканор шуда буд.

Ҷабҳаи озодӣ дар моҳи феврали соли 2022 бо чанд силсила ҳамлаҳои худ ба қароргоҳҳои “Толибон” дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Парвон аз ҳастии худ дар ин нуқоти Афғонистон хабар дод. Аъзои ин ҷабҳа асосан аз низомиёни урдуи ҳукумати қаблии Афғонистон иборатанд.

Акмал Амирӣ ва Басири Андаробӣ низ аз низомиёни ҳукумати қаблӣ буданд.

Акмал Амирӣ дар вилояти Каписо таваллуд шуда, академияи низомии ба номи маршал Фаҳимро дар Кобул хатм намудааст. Ӯ то суқути Кобул масъули амалиётҳои вижаи нерӯҳои махсуси артиши Афғонистон буд.

Басири Андаробӣ низ аз афсарони нирӯҳои вижаи артиши Афғонистон буда, як бор то суқути Кобул дар набарде  бо “Толибон” дар Андароб захмӣ шуда буд. Аммо баъдан дубора ба гурӯҳи зидди Толибон пайваст.

Кушта шудани ду фармондеҳи Ҷабҳаи озодӣ зарбаи сахте ба ин ҷабҳа унвон мешавад. Ин набарди ахир аз ҳама пурталафоттарин ҷанг барои Ҷабҳаи озодӣ аз замони таъсиси он дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button