ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОН ДАР ҲИСОР ВА ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҚАЛЛОБӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 12.04.2023

Боздошт гардидани марди 31-сола бо гумони дуздии телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ

155

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми апрели соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили воситаи нақлиёташ тамғаи “Мерседес спринтер”, ки дар дохили бозори марказӣ беназорат меистод, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг а-12” ва 10 ҳазор сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар бо ҷурми қаллобӣ

28

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 49-солаи сокини шаҳри Панҷакент оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи сентябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 75 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 42-солаи сокини шаҳри Панҷакент, оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 43 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button