ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

РУСИЯ ДОДАНИ НАФАҚА БА ҲАРБИЁН АЗ КИШВАРҲОИ СНГРО БАС МЕКУНАД

Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи бекор кардани созишномаи таъмини нафақа ба кормандони ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо ва суғуртаи давлатии ҳарбиён аз кишварҳои СНГро имзо кард. Созишнома дар бораи таъмини нафақаи марзбонон аз кишварҳои СНГ ва аҳли оилаи онҳо  низ бекор карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 3 апрели соли 2023 бо такя ба сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия хабаргузории русии Интерфакс хабар дод.

Дар шарҳи ин қонун гуфта мешавад, ки бар асоси ин созишномаҳои 15 майи соли 1992 аз тарафи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина имзошуда, Русия то кунун ба афсароне, ки дар ин кишварҳо ба нафақа мебаромаданду мехостанд, ки аз Русия нафақа бигиранд, пули нафақа медод. Аз ин имтиёз ҳарбиёни зиёде аз Тоҷикистон низ истифода мебурданд ва ҳазорон афсари тоҷик баъди ба нафақа рафтан ба Русия рафта, барои худ нафақаи русӣ дуруст мекарданд, чунки ҳаҷми нафақа дар Русия назар ба Тоҷикистон хеле зиёдтар аст.

Дар шарҳи қонунҳо гуфта шудааст, ки нафақаи он ҳарбиён аз кишварҳои СНГ, ки то лағви созишнома нафақаи худро дуруст кардаанд, бозбинӣ намешавад ва Русия ҳамчунон нафақаи онҳоро пардохт хоҳад кард.

Дар шарҳи мақомоти Русия ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин қарордодҳои соли 1992 марбут ба онҳое буд, ки ба далелҳое, чун муҳоҷират, ба Русия  меомаданд. Вале, меафзоянд мақомоти Русия, дар солҳои охир барои гирифтани нафақаи русӣ шумори торафт бештари онҳое муроҷиат мекарданд, ки  на дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи СССР ва на дар Русия хидмат накардаанд.  Имтиёзҳои дар он созишномаҳо дарҷшуда боиси ба вуҷуд омадани ҷараёни ҳиҷрати қалбакии ҳарбиёни нафақахӯр аз кишварҳои СНГ ба Русия шуд, ки омада, нафақаи худро дуруст мекарданд ва боз ба кишвари худ бармегаштанд.

Дар айни замон, агар ҳарбиёни рус ба ягон кишвари СНГ мекӯчиданд, ба онҳо дар онҷо нафақаи нисбат ба Русия хеле камтар дода мешуд, ки ин шикоятҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар шарҳи қонун гуфта мешавад, ки Русия дар ҳоли ҳозир амалан таъмини нафақаи ҳарбиёни кишварҳои хориҷиро ба дӯши худ гирифтааст. Бино ба ин шарҳ, азбаски созишномаҳои 15 маййи соли 1992 дар навбати аввал ба ҳимояти ҳуқуқи ҳарбиёни СССР ба нафақа дахл дошт, тайи беш аз 30 соли гузашта дар кишварҳои СНГ низомҳои миллии таъмини нафақа алакай таҳия шудаву шакл гирифтааст ва дигар ниёзе ба ҳифзи он қарордодҳои 30 соли пеш боқӣ намондааст. Қарордодҳои 15 майи соли 1992 вазифаи худро дар давраи гузариш алакай иҷро карданд, таъкид шудааст дар шарҳи мақомоти Русия.

Шарҳи ин қонунҳои Русияро ба забони русӣ метавонед инҷо мутолиа кунед:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button