ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОНИИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикисон то рӯзи 31-уми марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳистони тобеъи ҷумҳурӣ (дар роҳҳои мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор), вилояти Суғд ва роҳҳои мошингарди ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ( дар роҳҳои Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ – Ишкошим) хатари фурӯ рехтани тармаҳо таҳдид мекунад.

Дар ин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки ба далели ҳодисаҳои нохуши вобаста ба тағйири обу ҳаво ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳистону кӯҳдоман барои шикор ё моҳидорӣ нараванд.

Ҳамчунин маслиҳат нест, ки ба ғунучини ҳезум ё ҷамъоварии алафу гиёҳҳои дорувор бираванд. 

Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, бахусус бо роҳҳои Душанбе-Чаноқ ва Душанбе – Хоруғ хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Ёдовар мешавем, моҳи феврали соли 2023 дар Тоҷикистон дастикам 23 нафар қурбони тармаҳо шуданд. 18 нафари онҳо рӯзҳои 15 ва 16 феврал дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла 15 нафар дар маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) дар канори шаҳри Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ва як духтар дар Шуғнон зери тармаҳо ҷони худро аз даст доданд. 5 нафари дигар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд дар зери тармаҳо ба ҳалокат расиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button