ВидеоКоррупсияМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

СОКИНИ ЛАХШ БА ҶОСУСӢ АЙБДОР МЕШАВАД. ПИСАРАШ БАРОИ БАСТАНИ ПАРВАНДАИ Ӯ 15 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ДОДААСТ

Додгоҳи ноҳияи Рашт ду сокини ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-ро бо ҷурми додани пора ба корманди милитсия  бар асоси қисми дуюми моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон шашсолӣ маҳкум ба зиндонӣ низомаш пурзӯр кардааст. Ҳукми додгоҳ ҳанӯз 9 декабри соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо баъди 2 моҳ, 10 феврали соли 2023 бархе ҷузъиёти ин парвандаро нашр кард ва гуфт,  Жолдошов Имомиддин Халилович ва Сайфиддинов Усон Исоқович кӯшиш кардаанд, ки бо мақсади аз бастани парвандаи хиёнат ба Ватан ва ҷосусӣ, ки нисбат ба падари аввалӣ Жолдошов Халил боз шуда буд, ба полполковники милитсия Бобизода Э.Ю. ҳамчун пора 15 ҳазор сомонӣ пешниход кардаанд.

Маркази матбуоти Додситонии кул мегӯяд: “Шаҳрванд Ҷолдошов И.Х., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Лахш, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Сайфиддинов У.И. ва Жолдошов А.Х. бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳабс озод намудани падараш шаҳрванд Жолдошов Х.К., ки барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 305, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шудааст, ба кормандони Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт, ба сифати пора 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пешниҳод менамоянд. Санаи 22 сентябри соли 2022 соати 12:38 дақиқа ҳангоми бо муовини сардори ШТҶ РВКД дар ноҳияи Рашт, подполковники милитсия Бобизода Э.Ю. ба сифати пора додани маблағи 15.000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ шаҳрвандон Ҷолдошов И.Х. ва Сайфиддинов У.И. аз тарафи кормандони милитсия ва прокуратура дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда аз онҳо далели шайъӣ 15.000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ёфта гирифта мешавад”.

Моддаи 305, қисми 2, банди “г” дар Кодекси ҷиноятӣ чунни баён шудааст:

Хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шудааст, , бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ махрум сохтан ҷазо дода мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ин қазия тафсилоти дигар надодааст ва маълум нест, ки Жолдошов Халил мушаххасан  ба чӣ навъи хиёнат ба Ватан ва ҷосусӣ айбдор мешавад?

Аммо қарори маълум, ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар марзи бо вилояти Ӯши Қирғизистон ҷойгир шудааст ва рӯзҳои 16 то 18 моҳи сентябри  соли 2022, яъне ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз кӯшиши Жолдошов барои додани пора ба афсари милитсия бо мақсади халос кардани падараш, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар марзи Лахш бо ноҳияи Чон-Олой даргириҳои мусаллаҳонае рух дод, ки аз ҳарду тараф ҳудуди 140 кушта ва 750 захмӣ ба ҷо гузошт.

Қирғизистон дар пайи он ҳаводис дар бораи боздошти чандин нафар, асосан тоҷикони муқими он кишвар, бо ҷурми “ҷосусӣ барои Тоҷикистон” хабар дод, вале Халил Жолдошов, сокини ноҳияи Лахш нахустин нафарест, ки ҷониби Тоҷикистон дар бораи дар пайи муноқишаи хунини моҳи сентябр дар марз бо Қирғизистон аз кушодани парванда ба зиддаш бо иттиҳоми ҷосусӣ хабар медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button