ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ХУШХАБАР! НАҶОТБАХШОНИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ ДУ НАФАР: ПАДАР ВА КӮДАКИ ШАШМОҲААШРО АЗ ЗЕРИ ВАЙРОНАИ ЯК БИНО ЗИНДА БЕРУН ОВАРДАНД!!! (ВИДЕО)

Аз манотиқи офатзадаи Туркия хабари хуше ба даст расид. Рӯзи 11 феврали соли 2023 дар ҷараёни  амалиёти наҷот дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони тоҷики ду нафар: падар ва тифли шашмоҳаи ӯро  аз зери вайронаҳо зинда берун оварданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри як видео хзабар дод, ки наҷотдиҳандагони тоҷик дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳисс карданд. Онҳо хеле ба зудӣ, вале эҳтиёткорона ҳама монеъаҳоро бартараф карданд ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳ бо падараш аз зери вайрона берун кашиданд.

Ин ду нафар зери вайронаҳо муддати 5 рӯз зинда монда буданд!

Гуфта мешавад, ки ҳангоме, ки наҷот медоданд, ин ду нафар ба хубӣ вазъро метавонистанд ташхис кунанд.

Ин рӯйдод беназир аст: 5 ШАБОНАРӮЗ БА УМЕД ЗЕРИ ВАЙРОНАҲО ЗИСТАНУ БИЛОХИРА РАСТАН АЗ МАРГИ ЭҲТИМОЛӢ!” – менависад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Падар ва фарзандашро ба беморхона интиқол доданд. 

Дар ҷараёни корҳои наҷот то соати 14 бо вақти Туркия имдодгарони  тоҷик аз зери вайронаҳои хонаҳои истиқоматӣ 25 ҷасадро низ берун оварданд ва ҳамчунин ду туфангча ва камон бо тирҳояш, ҳамчунин 400 грамм ороишоти тиллоро низ пайдо карда, ҳамаи ин ашёи ёфтшударо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қаҳрамонмаръаш супурданд. 

.Корҳои наҷот ба шиддат идома доранд. Тими наҷотбахшони тоҷик иборат аз 50 нафар, бо шумули наҷотдиҳандагон ва табибон, инак ду рӯз боз дар Қаҳрамонмаръаш ба корҳои наҷот машғул аст. Онҳоро 4 корманди сафорати Тоҷикистон дар Туркия низ ҳамроҳӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, Қаҳрамонмаръаш яке аз минтақаҳои аз ҳама зарардида бар асари заминларзаи пурқурбонии рӯзи 6 феврал дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия аст, ки бино ба охирин хабарҳо, шумори қурбониёнаш ба 25 ҳазор нафар расидааст ва метавонад боз ҳам биафзояд, чунки садҳо нафари дигар ҳамчунон дар зери вайронаҳои биноҳои фурӯрафта беномунишон боқӣ мемонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button