Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ ДУЗД БАРОИ ДУЗДИИ ДУ ХАЛТА БОР ДАР БОЗОРИ “КОРВОН” ВА ДУЗДИИ ДУ ТЕЛЕФОН АЗ БЕМОРИСТОНИ ҚАРИЯИ БОЛО

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11.02.2023

Боздошт гардидани ду мард бо ҷурми дуздӣ

54

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми феврали соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҶДММ бозори “Корвон” 1-адад борхалтаро, ки дар дохилаш либосҳои гуногуни кӯдакона ҷойгир буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ, содир намудааст.
Номбурда, ҳамчунин 6-уми феврали соли 2023, тахминан соати 13:40-дақиқа, бо тариқи пинҳонӣ аз ҶДММ бозори “Корвон” 1-адад борхалтаро, ки дар дохилаш либосҳои гуногуни занона ҷойгир буда, ба зани 48-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми феврали соли 2023, тахминан соати 10:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди беморхонаи “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-32”-ро, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Ҳамчунин, номбурда, 10-уми феврали соли 2023, тахминан соати 10:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди беморхонаи “Шифобахш”-и, шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми 8”-ро, ки ба ҷавонзани 23-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани силсила қаллобиҳои алоқаманд бо хариду фурӯши воситаи нақлиёт

032

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Бохтар, 14-уми декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, аз он 20 ҳазор сомониашро дода, ваъда додааст, ки боқимонда маблағи 140 ҳазор сомониашро то санаи 15-уми январи соли 2023 пардохт мекунад. Аммо гумонбаршаванда бо мақсади боварӣ ҳосил намудан ба ному насаби ҷабрдида шартномаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо аз санаи 15-уми декабри соли 2022 ба имзо расонида, дар ин асос расиди пардохт ба маблағи 389 ҳазору 480 сомонӣ додааст, ки мақсади бо роҳи фиреб ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайрро дошта, шартномаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар сохтмони хонаи истиқоматиро дар ҶДММ “Умеди Хуталон” ба қайд нагирифта, ягон миқдор маблағ аз ному насаби ҷабрдида ба хазинаи ҷамъият ворид накарда ба манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонида шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ворид гардидааст, ки 13-уми декабри соли 2022, марди 35-сола ва ҳаммаслакаш, марди 34-солаи сокинони шаҳри Бохтар бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз бозори фурӯши автомашинҳои шаҳри Душанбе, 2-адад автамашинаи тамғаи “Хундай-Саната” ва “Тойёта-Камри-2”, ки ба фурӯш бароварда буд, ҳардуи автомашинаҳоро ба маблағҳои 110 ҳазор сомонӣ қабул карда, ваъда медиҳанд, ки маблағи мазкуро дар муҳлати 2 моҳ ба пуррагӣ пардохт менамоянд, аммо муҳлати гуфтаашон мегузараду аз додани маблағҳои автомашина ба ҷабрдида, саркашӣ менамоянд.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
10-уми феврали соли 2023, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи феврали соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Волсваген», ки арзишаш 70 ҳазор сомонӣ ва 10-адад телефонҳои мобилии тамғаи «Самсунг ва Айфон», ки арзишашон 41 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол маблағҳояшонро барнагардонистааст.
Зарари расонидашуда 111 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button