ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР БАЛХӢ, ҚАЛЛОБӢ БО 5,7 ТОННА БИРИНҶ ВА ДУЗДИҲО ДАР ПАНҶУ ЁВОНУ БӮСТОН

Cокини 38-солаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 1 феврал як ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳияро бе ягон асос лату кӯб карда, телефонашро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.

хххххххххххх

Як зани 54-сола ва марди 55-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи октябри соли 2022 дар бозори “Саховат” аз як биринҷфурӯш 5 тоннаю 675 кг биринҷро 127 ҳазору 680 сомонӣ нарх карда гирифта, то ҳол пулашро надодаанд.

ххххххххххххх

Ҷавонзани 23-солаи сокини  ноҳияи Панҷ  бо гумони дуздии 11 ҳазор сомонӣ аз хонаи як зани сокини ҳамин ноҳия ва марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони дуздии 37 600 рубл аз корти “Сбербонк” боздошт шудаанд. Ду ҷавон дар Ёвон ба дуздии пулу маҳсулот аз як мағоза ва як духтари 17-сола дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ба дуздидани сандуқи оҳанин (сейф) бо пулу ҷавоҳирот аз хонаи як зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур айбдор шудаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 07.02.2023

Ба даст афтодани марди ғоратгар

084

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми феврали соли 2023, шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А 30”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

087

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, ҳангоми дар назди бозори “Саховат”-и пойтахт қарор доштанаш, зани 55 ва марди 54-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5675 кг биринҷро ба маблағи 127 ҳазору 680 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Кормандони милитсия силсиладуздиҳоро ошкор намуданд

085

Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо ариза зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 11 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ходиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми январи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корти бонкии “Сбербонк”, ки дар телефони мобилиаш пайваст шудааст, 37 ҳазору 600 рубли русиашро дуздидаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми январи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш даромада, аз он ҷо ашёҳои гуногун ва 1 ҳазору 500 сомониро дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28 ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон аризаи зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми феврали соли 2023, тахминан соати 17:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш 54 ҳазор сомонӣ, 12 ҳазор рубли русӣ, 3 ҳазору 700 доллари амрикоӣ, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ба маблағи умумӣ 14 ҳазору 700 сомонӣ, шаҳодатномаи миллӣ ва шаҳодатномаи таҳсилро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғдухтари 17-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button