ВидеоТоҷикистон

ҲАВОШИНОСИ ТОҶИК МЕГӮЯД, ТОҶИКИСТОН 15 СОЛ БОЗ БА ЧУНИН САРДӢ РӮБАРӮ НАШУДА БУД

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон чунин обу ҳавои сардро дар ин кишвар дар 15 соли охир бесобиқа дониста, бо сардиҳои соли 2008 монанд кардааст. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, сардиҳои кунунӣ дар Тоҷикистон то 25 январ идома хоҳад ёфт.

Шаби 12 ба 13 январ ҳарорати ҳаво дар Душанбе тибқи ҷадвали Тселсий то -22 дараҷа сард шуд, рӯзона низ ҳарорат дар пойтахт на камтар аз -11 дараҷа аст.

Муовини раҳбари Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева рӯзи 13 январи соли 2023 дар суҳбат бо  хабаргузории расмии “Ховар”  гуфт, дар Тоҷикистон чунин вазъи ҳаво 15 сол пеш, яъне охири моҳи январ ва аввали моҳи феврали соли 2008 низ ба амал омада буд.

Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки дар соли 2008 ҳарорат шабона дар водиҳо аз 20 то 25 дараҷа хунук шуда буд. Аммо ҳатто дар он шабу рӯзи зимистони соли 2008 ҳам ҳарорат дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахон ба андозаи ҳавои имсола сард нашуда буд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз 13 то 16 январи соли равон дар бештари ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона то -24 дараҷа хунук, рӯзона то -13 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳистон шабона  то -24 ва рӯзона то -15 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад. Инчунин дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фурӯ рехтани тармаҳо пешбинӣ карда мешавад.

Ширкати “Барқи Тоҷик”, ки бозори нирӯи барқи Тоҷикистонро тақрибан ба сурати инҳисорӣ ё монополӣ (ба истиснои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар даст дорад, рӯзи 12 январи соли 2023 хабар дод, ки ба далели сардиҳои дар Тоҷикистон ҳукмфармо бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон аз 11 январ дар саросари кишвар “маҳдудият дар таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуда, “Барқи тоҷик” вазифадор гардидааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият неруи барқро дар тамоми қаламрави мамлакат бемаҳдуддият таъмин намояд.”

“Барқи Тоҷик” бардоштани лимитро “ғамхории ҳукумат”номида, аз муштариёнаш хостаст, ки “ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд”.

“Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад”, таъкид шудааст дар иттилоияи “Барқи Тоҷик”. Ин ширкат аммо нагуфтааст, ки оё лимити барқ комилан бардошта шуд ё танҳо муваққатан барои ин рӯзҳои сард?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button