АфғонистонВидеоҲодиса

БОЗДОШТИ НАРКОБАРОН БО ЛАҚАБИ “МУДИР” БО 92 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР (ВИДЕО)

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 13 январи соли 2023 хабар дод, ки ахиран дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби кормандони милитсия дар натиҷаи коркардҳои маълумоти фаврӣ як наркобарон, ки дар олами ҷиноятӣ бо лақаби “Мудир” маъруф аст, ҳангоми ба фурӯш баровардани 92 кило маводи мухаддир дастгир карда шуд.

Ин нафар  шаҳрванд Холмадов Исо Шерхонович, соли таваллудаш 1962,  истиқоматкунандаи деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, воқеъ дар марз бо Афғонистон будааст.

Бино ба иттилои милитсия, “Мудир” ҳамчун роҳбари гурӯҳи нашъаҷаллоб бо гуруҳҳои нашъаҷаллоб дар Афғонистон робита барқарор карда, муддати тӯлоние ба муомилоту қочоқи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул буд. Аз ҷумла, дафъаи охирин ӯ аз як ҳаммаслаки ҷиноятии худ дар 4 халтаи полиэтиленӣ воситаҳои нашъадори навъи афюнро қабул намуда, дар бошишгоҳи саҳроии худ дар зери хошок пинҳон намуда, мехост аз фурӯши ин миқдори бузурги маводи мухаддир пулу фоидаи зиёд ба даст биорад. Баъди боздошти “Мудир” кормандони милитсия аз ин пинҳонгоҳ дар маҷмӯъ 92 килою 100 грам воситаҳои нашъадор мусодира кардаанд.

“Маҳз коркардҳои оперативии кормандони шуъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадори РВКД шаҳри Душанбе ба пайроҳаи ҷиноятии “Мудир” хотима гузошт. Воқеан пайроҳаи қочоқ ва молу сарвате, ки аз роҳи ҷиноят, махсусан муомилоти воситаҳои нашъадор ба даст меояд, бесамару бебақо буда, чунин афроди ҷиноятпешаро солҳои тӯлонии пушти панҷараи маҳбас ва ҳасрату надомат интизор аст”, –  гуфта мешавад дар гузориши видеоии Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи милитсияи Душанбе.
  Айни замон, нисбати Холмадов Исо тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба “Мудир” бар асоси ин банди қонун то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки дар умум бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” (ҳероин, афюн ва ҳашиш) аз он сӯи Омӯ ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра табдил ёфтааст.

Ҳар сол мақомоти Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддир, асосан тавлиди Афғонистонро мусодира мекунанд.

Бино ба ҳисобҳо, аз 1000 то 2 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар бо ҷурмҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Як бахши аъзам аз 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои худи Тоҷикистонро низ онҳое ташкил медиҳанд, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button