ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БАСТРИКИН ГУФТ, МУҲОҶИРОНЕРО КИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ ГИРИФТААНД, БОЯД ҲАДАФМАНДОНА БА ҶАНГИ УКРАИНА ФИРИСТОД

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, ки бо баёнияҳои миллатгароёнаи худ ном баровардааст, изҳор дошт, ки муҳоҷироне, ки аз Осиёи марказӣ шаҳрвандии Русия гирифтаанд, бояд дар навбати аввал  ба ҷанг бар зидди Украина фиристода шаванд.

Ин мансабдори баландпояи ҳукумати Русия рӯзи 13 январи соли 2023 дар мусоҳибаи худ бо рӯзномаи “Российсквя газета” мегӯяд, ки “оморҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони Осиёи марказӣ аз Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ва инчунин кишварҳои Қафқоз, дар 5 соли ахир беш аз миллон нафар, ба таври оммавӣ, шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале аз хидмати ҳарбӣ канорагирӣ мекунанд”.

Ба гуфти Бастрикин “бо ба даст овардани шаҳрвандии Русия (муҳоҷирон аз Осиёи Миёна) на танҳо соҳибҳуқуқ мегарданд, балки ба онҳо ӯҳдадориҳо низ таҳмил карда мешавад”. Аз ин лиҳоз Бастрикин таъкид мекунад, ки “масъалаи дар навбати аввал ба амалиёти махсуси ҳарбӣ  фиристодани муҳоҷирони соҳиби шиносномаи русишуда дида баромада шавад”.

Дар 9 моҳи аввали соли 2022 қариб 120 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд. Зодагони Тоҷикистон дар ин “чемпионат” дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои аввал дар СНГ баъди Украина дар ҷои дуюманд.

Бояд гуфт, ки артиши Русия пас аз шикастҳои пайдарҳам дар ҷанг бо Украина миқдори зиёди нерӯҳои худро аз даст дод ва бо бӯҳрони норасоии қувваҳои ҷанганда  дар майдони ҷанг рӯ ба рӯ гардид. Санаи 21-уми сентябри соли 2022 Владимир Путин фармони басиҷкунӣ ва ё мобилизатсяро имзо намуд. Зимни ин маъракаи низомӣ Русия наздик ба 300 ҳазор сарбоз аз саросари кишвар ҷамъ намуд.

Бо баробари эълони мобилизатсия дар Русия шаҳрвандони ин кишвар барои нарафтан ба ҷанг ба таври рекордӣ Русия тарк намуданд.

Ҳоло бошад Думаи давлатии Русия синни нафарони даъват ба артишро то ба сисола боло бурда ҳатто мардони соҳиби 3 фарзандро низ ба сафи артиш барои хидмати ҳарбӣ ҷалб  мекнад.

Ҳамчунин ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” низ аз зиндонҳои Русия ба ҷамъоварии маҳбусон машғул шуда то 30 ҳазор маҳбусро ба маҷбуран ба ҷанг ҷалб намуд.

То ин дам аз кушта шудани шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон ва нафароне, ки шиносномаи русӣ доштанд хабарҳо нашр шуда буданд.  Вале қонгузории ҳамаи кишварҳои Осиёи марказӣ иштирок шаҳрвандони худро дар амалиёти низомӣ берун аз хоки худ манъ мекунад.

Санаи 11-уми январи соли 2023 Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди худ хабар дод, ки дар ҷанги Украина иштирок кардааст. Вале то ба ҳол маълум нест, ки ин қирғизистонӣ аз кадом тараф ҷангидааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button