ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ЗИЁРАТШОҲИ “ФАШИСТ” БАРОИ МОДАРОЗОРӢ

Милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 13 январи соли 2023 хабар дод, ки як сокини ҷавони 22-солаи кӯчаи Сурхобро, ки дар ҳолати мастӣ модар ва дигар аъзои хонаводаашонро озор медод ва бо чӯбдаст ё дубинкае, ки дар он “фашист” навишта шуда ва ҳам рамзи Олмони фашистӣ ҳакокӣ шуда буд, таҳдид мекард, барои 15 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Дар иттилоияи маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар баробари мубориза зидди ҷинояткорӣ, ҳамчунин як самти дигари фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таъмини фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар оила ва пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила мебошад.
  Аз ҷумла, меафзояд ин ниҳод, дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати модар ва пайвандон, аз ҷониби кормандони милитсия 1-ҳолати хушунати оилавӣ ва озори модар ба қайд гирифта шуда, сабабу шароити ба он мусоидаткунанда муайян карда шуд.
 “Шаҳрванд Шакаров Зиёратшоҳ Файзуллоевич, соли таваллудаш 12.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сурхоб, муддатест ба нӯшидани машруботи спиртӣ машғул гардида, фазои носолимеро дар муҳити хонаводаи худ ба миён овардааст.  Аз ҷумла, маротибаи охирон низ дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародари худ муноқиша намуда, дар баробари бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст намудан, ҳамзамон бо дастчӯби махсуси омода кардаи худ онҳоро таҳдид кардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Худи ҷавони ҳабсшуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале дар акси нашркардаи милитсияи Душанбе ӯ бо чӯбдасте дар даст дида мешавад, ки дар он калимаи “фашист” навишта шуда ва ҳам свастика, рамзи Олмони фашистӣ ҳакокӣ шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шакаров Зиёратшоҳ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нисбат ба вай ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button