ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

НАҶОТИ БОЗ 18 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ САРДӢ ДАР РОҲҲОИ ҚАЗОҚИСТОН (ВИДЕО)

Дар вилояти Қустанайи Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба Русия сафар доштанд, аз сардӣ наҷот додаанд. Ширкати “ҚазАвтоЖол” бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки ин мусофиронро, ки дар байни онҳо кӯдакон ҳам буданд, бурда, дар як макони гарм ҷой кардаанж.

Бино ба иттилои ин ширкат, микроавтобуси ин мусофирон тавассути шоҳроҳи А22 “Қарабутак – Қустанай”  аз тарафи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба тарави шаҳри Тюмени Русия равона буд. Вале дар посгоҳ ба онҳо хабар додаанд, ки ба сабаби хеле пойин рафтани ҳарорати ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо сӯзишвории дизелӣ манъ карда шудааст.

“Ба хотири таъмини амнияти одамон кормандони роҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба як макони гарм бурданд, то ки онҳо то поёни сардиҳо инҷо бимонанд “, – гуфта мешавад дар иттилоия. Баъди беҳтар шудани ҳаво, ин микроавтобус бо мусофиронаш ба сафари худ ба тарафи Русия идома додааст.

Ширкати “ҚазАвтоЖол” рӯзи 10 январ хабар дод, ки ба сабаби паст шудани ҳарорати ҳаво ҳаракати нақлиёти дизелӣ то беҳтар шудани ҳаво маҳдуд карда мешавад.

Дар ду рӯзи охир ин алакай дуюмин ҳолати наҷоти муҳоҷирони тоҷики роҳии Русия аз сардӣ дар роҳҳои Қазоқистон аст.

Шаби 9 январи соли 2023 дар ҳудуди вилояти Оқмолаи Қазоқистон як автобус бо 49 мусофир аз Тоҷикистон, бо шумули 6 кӯдак, ба далели сардӣ дар роҳ дармонда буд.

Хадамоти матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки  “шаби 9 январ ба сабаби сардии сахт дар километри 251-уми роҳи Остона – Петропавловск як автобуси мусофирбар, ки бо сӯзишвории дизелӣ кор мекард,  дар роҳ дармонд. Наҷотбахшон ҳамроҳ бо пулиси маҳаллӣ аз ин автобус 49 нафар, аҳ ҷумла 6 кӯдакро наҷот доданд”.

Ба гуфтаи мақомот, ҳамаи наҷотёфтагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Онҳоро дар як нуқтаи гармӣ дар масҷиди ҷомеи Шучинск ҷой карда, барояшон хӯроки гарм тайёр кардаанд.

Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар видеои нашршуда бо изҳори сипос ба мақомот ва мардуми Қазоқистон гуфт: “Мо аз Тоҷикистон ба Русия сафар доштем. Дар ҳавои – 40 дараҷа сард автобуси мо дар роҳ дармонд. Ташаккур ба департаменти ҳолатҳои фавқулодда ва ба мардуми Қазоқистон, ки моро ба ин ҷои гарм оварда, нисбат ба мо чунин ғамхорӣ зоҳир карданд. Мо хеле сипосгузорем аз Қазоқистон барои он, ки моро дар ин ҳавои сард танҳо нагузоштанд ва ба ин макони гарм оварда, шикамамонро ҳам сер карданд”.

Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола аз сокинон ва меҳмонони ин минтақа хостааст, ки дар ин рӯзҳои сард бидуни зарурати оҷил ба роҳ набароянд. Дар Қазоқистон низ имрӯзҳо ҳавои хеле сард ҳукмфармост.

Мутаассифона, нархи баланди парвозҳо бо ҳавопаймоҳо ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷикро маҷбур мекунад, ки барои сафар ба Русия ваё барои бозгашт аз Русия ба Ватан роҳи заминӣ, аз ҷумла сафар бо автобусро интихоб кунанд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале машаққати зиёд ва хатарҳои ҷиддиеро низ ба ҳамроҳ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button