ВидеоСиёсатТоҷикистон

ФАВРӢ! БАРКАНОРИИ РАИСОНИ СЕ НОҲИЯИ ДУШАНБЕ ВА БОЗ ЧАНД МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯ

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, рӯзи 11 январи соли 2023 бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, боз чанд мансабдори баландпоя аз мансабҳояшон барканор карда шуда, ба ҷои онҳо нафарони нав таъйин шудаанд.

Аз ҷумла Файзулло Баротзода, ки то кунун раиси ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) буд, ба ҷои Сиҷоуддин Саломзода шаҳрдори Бохтар, маркази вилояти Хатлон таъйин шуд. Киромиддин Холзода, ки то имрӯз муовини раиси ноҳияи Данғара буд, ба ҷои Баротзода раиси нави ноҳияи Лахш дар марзи водии Рашт бо Қирғизистон таъйин гардидааст.

Ҳамин тавр, Руслан Раҷаб, ки то кунун муовини раиси ноҳияи Сино буд, ба ҷои Шариф Самӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин шуд. Шариф Самиро расман ба нафақа фиристодаанд, вале манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки ӯро дар пайи норозигии шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз кораш дар амри рафъи оқибатҳои барфрезии шадиди рӯзи 10 январ аз кор рондаанд.

Рӯзи 11 январ раисони боз ду ноҳияи дигари пойтахтро ҳам иваз карданд.  Аз ҷумла Умед Гуреззода, писари раиси собиқи гумрук Зарипов, ки то имрӯз муовини раиси шаҳри Душанбе буд, ба ҷои Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ, ва Саидзода Тоҷиддин Ниёз, ки то имрӯз раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе буд, ба ҷои Нусратулло Салимзода раиси ноҳияи Сино таъйин гардидаанд. Гуфта мешавад, Дилшод Одиназода низ аз мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шудааст. Ба кадом “кори дигар” гузаштани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Ҳамчунин рӯзи 11 январ бо фармонҳои президент Азизулло Исматзода аз мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор гардида, Бунафша Файзиддинзода аз мақоми раиси шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд) озод карда шуда ва билофосила муовини раиси шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Бунафша Файзиддинзода қудои президент ва хушдомани Сомони Эмомалӣ, писари хурдии Эмомалӣ Раҳмон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button