АфғонистонВидеоИқтисод

“БАРҚИ ТОҶИК” ҚАРОРДОДИ ФУРӮШИ БАРҚ БА АФҒОНИСТОНРО ЯК СОЛИ ДИГАР ТАМДИД КАРД

Ширкати “Де Афғонистон Брешно” (DABS), ки масъулияти таъмини нирӯи барқи Афғонистонро дар даст дошта, ҳоло зери назорати режими ҳаракати тундрави “Толибон” қарор дорад, хабар дод, ки қарордодаш бо ширкати “Барқи Тоҷик” дар бораи харидории барқро барои соли 2023 низ ба имзо расондааст.  Ширкати “Брешно” дар саҳифааш дар Твиттер бо нашри чанд акс хабар дод, ки маросими имзои ин қарордод аз ҷониби раҳбари “Брешно” Мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза ва раҳбари “Барқи Тоҷик” Муҳаммадумар Асозода ва дар ҳузури вазири обу энержии “аморати исломии Афғонистон”, яъне ҳукумати “Толибон” Мулло Абдулатиф Мансур сурат гирифтааст.

Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки аз ҳарду тараф дар музокирот ҳайъатҳои чанднафарӣ ҳузур доранд ва дар поёни маросим Асозода ва Ҳамза дасти якдигарро фишурда, нусхаҳои имзошудаи қарордоди ҳамкориро табодул мекунанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, музокироти байни “Толибон” ва “Барқи Тоҷик” 10 январи соли 2023 дар Туркия доир шудааст.

Имзои қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон дар ин фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ шудаанд ва “Барқи Тоҷик” аз соати даҳи шаб то панҷи субҳ интиқоли нирӯи барқро ба аксари қаламрави деҳоти кишвар қатъ мекунанд. Вале ба гуфтаи сокинон, хушбахтона, шаби 10 ба 11 январ, ки ҳаво дар Тоҷикистон фавқулодда сард буд,  масъулони “Барқи Тоҷик” нирӯи барқи мардумро накуштанд.

Тоҷикистон инак чанд даҳсола боз дар ҳар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор мешавад ва аз моҳи октябр то апрел ба сокинони манотиқи деҳоти ин кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд. Мақомот мардумро умедвор карда буданд, ки баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар кишвар тамом мешавад. Соли 2018 дар пайи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали Роғун президент Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамаро итминони хотир дода буд, ки афсонаи лимити барқ дар Тоҷикистон бо ҳамин моли таърих шуд. Вале бо вуҷуди ба кор даромадани алакай ду чархаи нирӯгоҳи Роғун  камбуди нирӯи барқ дар кишвар ҳамчунон эҳсос мешавад. Бахусус дар фасли сармо.

Дар ҳоле ки мақомот дар лимити имсола афзоиши талабот ба нирӯи барқро муқассир медонанд, бисёриҳо бар инанд, ки сабабгори камбуди нирӯи барқ дар фасли зимистон ба хориҷ фурӯхтани он аст. Бисёриҳо аз ҷумла Афғонистонро мисол меоранд, ки бо вуҷуди як кишвари ҷангзада буданаш ҳатто дурдасттарин деҳоташро ҳам ҳатто дар зимистон бо нирӯи барқ таъмин мекунад. Аз ҷумла аз ҳисоби барқе, ки аз Тоҷикистон мехарад. Ва ин дар ҳолест, ки, мегӯянд мунтақидон, деҳаҳои ин тарафи рӯди Омӯ дар Тоҷикистон дар зимистон  ҳама ба чоҳи торикӣ фурӯ мераванд.

Ширкати “Де Афғонистон Брешно” яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон буда, бино ба омори расмӣ, дар нимаи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба андозаи 734 миллион киловатт соат нирӯи барқ харидааст, ки ин ба нимаи аввали як соли қабл 276 миллион киловатт соат бештар будааст. Ахиран ҷониби Тоҷикистон аз он шикоят карда буд, ки ширкати “Брешно” дар пардохти пули барқ таъхир мекунад.

Тамдиди қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати нави “Толибон”ро расман эътироф намекунад ва аз ангуштшумор кишварҳоест, ки ба таври ошкоро аз нирӯҳои зидди “Толибон” аз Ҷабҳаи  муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button