ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ОДАМКУШӢ ДАР ҶОИ КОР АЙБДОР МЕШАВАД (ВИДЕО)

Як ҷавонзани тоҷик, ки дар қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” дар шаҳри Митишии вилояти Маскав кор мекард, ба он айбдор мешавад, ки дар ҷои кор дар ҷараёни муноқиша як ҳамкорашро бо корд куштааст. Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе,  4 январи соли 2023 рух додааст.

Бино ба иттилои  Telegram-канали “112”,  ду корманди қаҳвахона дар ҷои ошпазӣ бо ҳам муноқиша кардаанд ва зан кордро гирифта, ба қафаси синаи ҳамкораш чанд кор задааст. Мард то расидани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст.

Баъди чанд соат кормандони пулис зани гумонбаршавандаро дар назди даромадгоҳи хонааш дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дӯсаева буда, 36 сол дорад.

Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда, ки порае аз ин сабтро канали “112” дарёфт ва нашр кардааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дастрас нест. Сабаби муноқишаи байни ҳамкорон дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ, ки ба чунин оқибати хунин овард, низ ҳанӯз маълум нест.

Дар рӯзҳои охир алакай ду зани тоҷик танҳо дар вилояти Маскави Русия бо ҷурми одамкушӣ дастгир шуданд.

Дар арафаи Соли нав як зани 35-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав бо гумони куштори зани 28-сола аз Қирғизистон боздошт шуд. Ин зани тоҷик бо ҷабрдида ҳарду дар як манзил дар шаҳраки Володарский дар наздикии Маскав иҷора менишастанд.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 29 декабр байни ин ду зани ҳамхона ва дугона ба сабабҳои ҳанӯз номаълум муноқиша сар задааст ва дар ҷараёни ин ҷанҷол зани тоҷик ба қафаси синаи зани қирғиз на камтар аз як зарбаи корд задааст. Шаҳрванди Қирғизистон бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Кормандони пулис баробари ба ҷои ҳодиса омадан зани тоҷикро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд. Аз зани кушташудаи қирғиз ду тифли хурдсол ятим мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button