Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

СӮХТОРИ ЧОЙХОНА ДАР МАСТЧОҲ

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, махсус барои “Asia-Plus”

5-уми январи соли 2023, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чойхонае ба коми оташ рафт, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Тавр аз хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, сӯхтор тахминан соати 15:00 дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳ сар зада, масоҳати он 60 мерти мураббаъро фаро гирифтааст.

Неъмат Идизода, сардори хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки ин чойхона аз солҳои Шӯравӣ бекорхобида буда, фаъолият намекард ва аз сабаби он, ки бо чӯб бунёд ёфта буд, алангаи оташ зуд масоҳати зиёдро иҳота кардааст.

“Ҳоло таҳқиқот идома дорад ва сабабу омили сухтор муайн карда мешавад”, – гуфт Неъмат Идизода.

Гуфтан ба маврид аст, ки танҳо дар моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷумла, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Ба қавли Неъмат Идизода, ин аввалин ҳодисаи сӯхтор дар ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2023 аст.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button