ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУСОДИРАИ 8 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР АЗ 2 СОКИНИ НОҲИЯИ ПАНҶ

ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 январи соли 2023 аз мусодираи 8 кило маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Панҷ хабар дод. Бино ба гузориши полковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон, кормандони шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири  РВКД вилояти Хатлон зимни коркарди як қатор ахбори фаврӣ ва пешбурди чорабиниҳои фаврӣ тавонистанд 2 сокини ноҳияи Панҷ: Зоидов Ғайрат, соли таваллудаш 1986 ва Мавлонов Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 1987-ро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва фурӯши он дастгир кунанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Зоидов Ғайрат дар ҷамоати деҳоти Панҷ, аз ҷониби кормандони милитсия миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд, ки ба навъи «ҳашиш» мансуб буда, вазни умумии он 7 кг 231 граммро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар рафти бурдани чорабиниҳои фаврӣ аз дохили бағоҷи мошини тамғаи «Мерседес Бенс», ки ба шаҳрванд Мавлонов Раҳмоналӣ тааллуқ дорад, 747 грамм маводи психотропии навъи «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ВКД мегӯяд, муайян карда шуд, ки гумонбарон пайваста ба хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул буда, бо ин роҳ фоида ба даст меоварданд.
Дар шуъбаи тафтишотии РВКД вилояти Хатлон нисбат ба ин ду сокини дастгиршудаи ноҳияи Панҷ бар асоси қисми чоруми моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан зиёд оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 12  то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ноҳияи Панҷ, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст, дар солҳои охир ба як масири қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” (ҳероин, афюн ва ҳашиш) аз он сӯи Омӯ ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар умум бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Ҳар сол мақомоти Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддир, асосан тавлиди Афғонистонро мусодира мекунанд.

Бино ба ҳисобҳо, аз 1000 то 2 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар бо ҷурмҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Як бахши аъзам аз 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои худи Тоҷикистонро низ онҳое ташкил медиҳанд, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button