Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РОҲИ ЛЕВАКАНТ-БОХТАР ВА МУСОДИРАИ БОЗ 26 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА”

Субҳи 9-уми декабр, тахминан соати 08:50, бар асари бархӯрди ду мошини “Тойота-Камри” ва “Мерседес” дар роҳи Левакант – Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, мусофири “Тойота-Камри”,  зани  рустабори 38-солаи сокини шаҳри Левакант дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи “Мерседес” бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардидааст.
хххххххххххххххх

Аз як сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан 26 ҳазор дона маводи тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шуд. Воридот ва фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ манъ карда шудааст ва ҳар сол дар арафаи Соли нав милитсия аз мусодираи даҳҳо ҳазор “хлопушка” хабар медиҳад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 10.12. 2022

Ҳалокати ҷавонзани мусофир зимни ҳодисаи нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

9-уми декабри соли 2022, тахминан соати 08:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Қувватов Акмал Бегиҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Амирхонов Асомуддин Низомович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Кузнецова Ирина Александровна, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Левакант ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Амирхонов А.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дарёфти 26 ҳазор дона маводи тарфгарӣ

009

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 26 ҳазор дона маводҳои тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button