ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ДАР ФАРОНСА БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Рӯзи 8 декабри соли 2022 хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти дохилии Фаронса (DGSI), як ниҳоди аксулҷосусии ин кишвар  ба хабарнигорони нашрияи Franceinfo  хабар дод, ки 7 зодаи Русияву Тоҷикистон бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса ба ҳабс гирифта шудаанд. Боздошти ин 7 нафар рӯзи 18 ноябр сурат гирифтааст, вале мақомоти амниятӣ танҳо баъди се ҳафта ин хабарро расонаӣ кардаанд.

Тафсилоти ин боздоштҳо ва номи дастгиршудагон нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки аз ин 7 нафари боздоштшуда 5 нафараш қаблан ҳам ба мақомоти аксулҷосусӣ ё контрразведкаи Фаронса ба сабаби таваҷҷуҳ ва алоқаашон ба ақидаҳои тундрави мазҳабӣ маълум буданд, вале ду нафари дигар ба тозагӣ ба Фаронса омада будаанд.

Гуфта мешавад, як ҳадафи умдаи ин терронистҳо бояд бозори машҳури солинавии Страсбург аст, ки ҳар сол дар арафаи иди Мавлуди Исои Масеҳ баргузор карда мешавад ва ин бозор аз ҳама бозори асосии бахшида ба иди Мавлуди Исо дар департаменти Рейни поён ба шумор меравад.

Бозори солинавии Страсбург қаблан ҳам ҳадафи террористҳо қарор гирифта буд. Дар соли 2000 дар шаҳри Франкфурти Олмон чор нафареро дастгир карданд, ки қасди ҳамла ба бозор ва калисои ҷомеи Страсбургро дар сар доштанд.

11 декабри соли 2018 боҳад, зодаи Алҷазор Шариф Шекатт дар бозори солинавии Страсбург 5 раҳгузарро кушта, 11 тани дигарро захмӣ карда буд.

Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо бо иттиҳоми терроризм нест. Соли 2021 дар Олмон 5 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми маблағгузории созмонҳои террористӣ ва сӯиқасд ба куштори фармоишии як соҳибкори албанӣ ба ҳабс гирифтанд. Як шарики дигари онҳо, ки низ зодаи Тоҷикистон аст, дар Албания боздошт ва ба Олмон истирдод шуда буд.

Это не первый случай задержания граждан Таджикистана по подозрению в терроризме в европейских странах. В 2021 году в Германии были задержаны пятеро уроженцев Таджикистана по обвинению в финансировании терроризма и покушении на заказное убийство. Еще один фигурант этого дела был экстрадирован в Германию из Албании.

Стра́сбу́рг   шаҳре бо 275 ҳазор аҳолӣ дар шарқи Фаронса, дар хатти марзи ин кишвар бо Фаронса буда, дар соҳили дарёи Рейн, ки марзи Фаронсаву Олмон бар рӯи он мегузарад, ҷойгир шудааст. Страсбург дар рӯбарӯи шаҳри Кели Олмон ва дар 500—километрии шарқи Порис, пойтахти Фаронса ва 240километрии Берн, пойтахти Швейтсария ҷойгир шудааст.

Страсбург мақоми пойтахти парлумонии Аврупоро дорад, чунки Шӯрои Аврупо аз соли 1949 ва парлумони Аврупо аз соли 1992 дар Страсбург қарор доранд. Ин шаҳр ҳамчунин макони Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button