ВидеоҲуқуқи инсон

ТАЛАБ АЗ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН: Ё ДАЛЕЛИ РАДНОПАЗИР БИОРЕД, Ё ҲАМАИ ЖУРНАЛИСТОНИ ЗИНДОНИРО ОЗОД КУНЕД!

Кумитаи дифоъ аз журналистон, як созмони байналмилалӣ, ки аз озодии матбуот ва ҳуқуқи журналистон дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунад, рӯзи 4 ноябри соли 2022 дар робита ба 7 сол ҳукми зиндони журналисти 38-солаи тоҷик Завқибек Саидаминӣ як изҳороти вижа нашр кард.

Гулноза Саид,  ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон барои пинҳон доштани таъқиботи зидди журналистон тақрибан тамоми кори мумкинро анҷом доданд. Бо ин вуҷуд, маълумоти мавҷуда баёнгари он аст, ки Завқибек Саидаминӣ ва ҳамин тавр, ҳамкасбони журналисти ӯ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода на барои “экстремист” будан ба зиндон андохта шудаанд, балки барои он ки ба ошкорбаёнӣ содиқ буданд ва барои озодии матбуот талош мекарданд. Ин чизест, ки тавре ба назар мерасад, мақомот аз он сахт метарсанд”.

Гулноза Саид дар идомаи изҳороташ гуфт:  “Мақомоти Тоҷикистон бояд ё далелҳои раднопазире пешниҳод кунанд, ки ин журналистон дар воқеъ даст ба ҷиноят задаанд, ваё бидуни таъхир ин журналистон ва ҳамаи дигар намояндагони матбуотро, ки ноодилона ба зиндон андохта шудаанд, озод кунанд”.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 3 ноябри соли 2022 дар як мурофиаи пушти дарҳои баста, ки бидуни иштироки намояндагони ҷомиа ва журналистон дар бинои СИЗО №1 шаҳри Душанбе доир шуд, журналисти собиқи ТВ “Тоҷикистон” Завқибек Саидаминиро  бар асоси моддаи 307 ба ҳамкорӣ бо ҳизбу созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор шинохта, ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 3 ноябр аз додгоҳ барои Саидаминӣ ҳамчун ҷазо 7 солу 6 моҳи зиндон талаб карда буд.

Зоиршо Давлатёров, вакили дифоъи Завқибек Саидаминӣ  ба ”Азия Плюс” гуфт, онҳо “баъд аз машварат бо зерҳимояааш, мавқеи худро маълум мекунанд ва тасмим мегиранд, ки ба зинаи болоӣ шикоят мекунанд ё не?”

Дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон алакай 12 журналисту блогер ба ҳабс гирифта шуда, аз ин шумор алакай Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Муҳаммади Султон ва инак, Завқибек Саидаминӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Худи Завқибек Саидаминӣ   рӯзи 3 ноябр, қабл аз эълони ҳукм дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, “худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт”. Яке аз наздикони Завқибек Саидаминӣ, ки дар мурофиаи охирин ширкат дошт, ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 7,5 соли зиндон норозигӣ ва эътироз кард ва гуфт, ваҷҳҳои овардаи ӯ ба назар гирифта нашуданд.

Ӯ гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба саффи ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДОИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд. Саидаминӣ ҳамчунин гуфтааст, ки барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди ношинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи ин падидаи номатлуб саҳмгузор бошад.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8 июли соли 2022 аз сӯи кормандони шуъбаи УБОП дар шаҳри Ваҳдат дастгир шуд ва чанд моҳ боз дар СИЗО Душанбе қарор дорад. Муҳокимаи парвандаи Завқибек Саидаминӣ рӯзи 11 октябр оғоз ёфт ва дар бинои СИЗО мегузашт. Ба мурофиа намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон роҳ дода нашуданд. Ҳатто хешу табори наздики журналисти боздоштшуда (модару ҳамсараш ва бародараш) низ танҳо дар мурофиаи сеюм ва охирин иҷозати ҳузур пайдо карданд. Дар ду мурофиаи гузашта онҳо паси дар монда буданд.

Бо гузашти қариб 4 моҳ аз боздошти фарзандаш, модари Завқибек Саидаминӣ танҳо рӯзи 29 октябр тавонист билохира ба дидори фарзандаш бирасад ва ним соат бо ӯ суҳбат кунад. Ба ин мулоқот ҳамсари журналистро низ роҳ додаанд.

Ҳабиса Ятимова, модари рӯзноманигори боздоштшуда дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳудуди ним соат бо писараш суҳбат дошт ва Завқибек Саидаминӣ бештар аз кӯдаконаш пурсид.

“Аз пушти шиша, тариқи телефон суҳбат кардем. Саломатиаш хуб буд, ягон нишонаи озору зарбу лат ва шиканҷа наменамуд. Аз чизе шикоят надошт. Бештар кӯдаконашро пурсид. Мо ҳам аз кӯдаконашу аз ҳолу аҳволи худамон гуфтем. Камтар чашмонаш пуроб шуд. Руҳияааш ҳам хуб буд”,- гуфт Ҳабиса Ятимова.

Ӯ гуфт, писараш дар бораи парвандааш суҳбат накард ва ҳамчунин нагуфт, ки шиканҷа шудааст ё не? Дар ҷараёни мулоқот бо модару ҳамсараш Завқибек Саидаминӣ ба онҳо шеъри эҷодкардаи худро бо номи “Барои очаҷонам” ва тасбеҳи дар СИЗО барои модараш сохтаро тақдим намудааст.

Дар шеъри худ барои ба ҳарфаи модар гӯш надодан узр хоста, гуфтааст, ки сабур бошанд:

…Ту бубахшо, Модаро, ки ман накардам хидматат,

Аз бароям дар ғаму нолону ҳам сарсонӣ ту.

Сабр кун пеши Худо, сабре чу Яъқуби Набӣ,

То биёяд назди ту фарзанди дар зиндони ту.

Завқибек Саидаминӣ 38 сол дошта, қаблан дар ТВ Тоҷикистон кор мекард. Солҳои охир ӯ ба тиҷорат ва маъракаҳои хайрия, аз ҷумла ҷамъоварии кумак барои кӯдакони ятим машғул буд ва чанд моҳи ахири қабл аз боздошташ дар Душанбе дар сохтмон кор мекард.

Завқибек Саидаминӣ ҳамзамон дар Интернет дар масоили доғи ҷомиа изҳори назар мекард ва ахиран канали худашро ҳам кушода буд.

Бовар меравад, ки ӯ ва журналисти дигари мустақил Абусаттор Пирмуҳаммадзода ба сабаби пуштибонии гармашон аз ҳамкасбони моҳи июн дастгиршудаашон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур алакай дар ду мурофиаи алоҳида Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 сол ва Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Як иттиҳоми асосии зидди онҳо ва Пирмуҳаммадзода низ ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, назири ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” аст. Ҳамаи ин 4 журналист ин иттиҳомро рад мекунанд. Ҳизби наҳзат ва “Гуруҳи 24”, ки ҳоло дар берун аз Тоҷикистон фаъолият доранд, низ ҳар навъ ҳамкорӣ  доштанашон бо ин 4 журналистро рад карда, онро иттиҳоме бофта ва танҳо як баҳона дар дасти мақомот барои тавҷеҳи таъқиби ин журналистон ва тарсондани журналистону блогерҳои дигар меноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, низ парвандаҳои ин 4 журналисти тоҷикро бофта ва беасос номида, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳамаи журналистонро зиндониро озод ва таъқибу тарсондани журналистонро бас кунанд. Душанбе ба ин даъватҳо то ҳол ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button