ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАНОЗАИ ҶАВОНИ 22-СОЛА АЗ ҶАМОАТИ ШИНГИ ПАНҶАКЕНТРО БАЪДИ 4 РӮЗ ЁФТАНД


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки 20 октябри соли 2022 наҷотбахшони бахши ин ниҳод дар минтақаи Зарафшон ҷасади як сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакентро пайдо карданд. Ин ҷавон рӯзи якшанбе, 16-уми октябри соли равон дар натиҷаи як садами мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуда буд. Ҷасади ӯро 15 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар рӯди Фон пайдо карда, аз об берун кашидаанд.

Қаблан хабар омада буд, ки рӯзи  16-уми октябри соли ҷорӣ як мошини тамғаи “Опел Астра” таҳти идораи сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат ба самти пойтахт дар наздикии шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнии вилояти Суғд аввал ба бораи кӯҳ бархӯрда, сипас ба дарёи Фон сарозер шудааст. 

Дар натиҷаи ин ҳодиса як мусофири мошин ва ронандаи он ва сокини ҷамоати Шинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар, ки яке 63 сол дошт ва дуюмӣ 22 сола буд, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, бо кумаки раҳгузарон ва сокинони маҳаллӣ  ҷасадҳои ҳалокшудагон ва захмиёнро аз об берун оварданд. Аммо он рӯз як мусофири дигари ин мошинро пайдо накарданд.

Ҷустуҷӯи ӯ бо кумаки сокинон 4 рӯз давом кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда в ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон изҳори таслият карда, бори дигар аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд. Суръати ҳаракатро боло набаранд ва қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button