ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА ҚАСДИ ДУЗДӢ АЗ КАЛИСО АЙБДОР МЕШАВАД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Шекснаи вилояти Вологдаи Русия рӯзи 12 октябри соли 2022 се нафари гумонбар ба кӯшиши дуздӣ аз калисои таърикии Николай Чудотворетс дар деҳаи Сизмаро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ду нафар аз ҳабсшудагон сокинони қаблан ҳам судшудаи вилояти Маскав буда, сеюмӣ як зодаи Тоҷикистон аст, ки муваққатан дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекардааст.

Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилаи вилояти Вологда дар бораи ин кӯшиши дуздӣ гузориши муфассали видеоиро нашр кардааст, вале номи дастгиршудаҳоро наовардааст.

Бо қарори додгоҳ, ҳарсе дастгиршуда то анҷоми тафтиши пешакии парвандаашон дар боздоштгоҳи шаҳри Череповетс нигоҳ дошта хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои пулис, шаби 9 ба 10 октябри соли 2012 ин сегонаи ҷиноӣ вориди калисои Николай Чудотворетс дар деҳаи Сизмаи ноҳияи Шексна шудаанд, вале бо шарофати ҳушёрии қаровули калисо ва шабакаҳои муосири муҳофизатӣ ба онҳо муяссар нашудааст, ки аз калисо ягон чие бидузданд. Кормандони пулис ду тан аз гумонбаршавандагонро дар ҷои ҳодиса дастгир кардаанд ва нафари сеюм, ки фирор карда буд, баъди чанде ба даст афтодааст. Пулис мошинеро ҳам, ки ин се нафар бо он қариб 600 километр роҳро тай карда, аз шаҳру вилояти Маскав барои дуздӣ ба Сизма омада буданд, мусодира кардааст.

Тафтиши ин парванда идома дорад. Ба боздоштшудаҳо барои дуздӣ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Зодаи Тоҷикистон ваё адвокат ё наздикони ӯ барои шарҳи ҳодиса дастрас нестанд.

Ҳар сол дар Русия чандин зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ дастгир мешаванд. Вале ин яке аз аввалин ҳолатҳоест, ки як зодаи Тоҷикистон дар Русия барои кӯшиши дуздӣ аз калисои православӣ ба даст меафтад.

Калисои Николай Чудотворетс тақрибан 150 сол қабл (солҳои 1867 то 1873) сохта шуда, яке аз маконҳои таърихии дидании деҳаи Сизма ва вилояти Вологда ба шумор меравад.

Деҳаи Сизмаи ноҳияи Шексна аз маркази вилоят, шаҳри Вологда 110 километр, аз шаҳри Череповетс 80 километр ва аз Маскав, ки ин сегонаи ҷиноӣ аз ҳамонҷо ба нияти дуздӣ омада буданд, қариб 600 километр(!) дур аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button